Сокинони ваҳдатшиори кишварамон имрӯзҳо дар руҳияи худшиносиву ифтихори миллӣ ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил мекунанд.

Воқеан ҳам он миллате саодатманд ва ғолиб  аст, ки сарвараш оқилу хирадманд ва тӯдакашу соҳибфазилат  бошад. Хушбахтона,  миллати тоҷик дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамин хислати олиҳиматӣ ва накӯпешагиро мебинанд. Зеро тӯли 27 соли роҳбарӣ ин марди шариф як кишвари ҷангзадаро ба давлати ободу пешрафта ва муҳимтар аз ҳама тинҷу ором табдил доданд.

 Боиси ифтихор  мо аст, ки Пешвои муаззами кишвар дар сатҳи байналмилалӣ чун  шахсияти тавоно, ташабусскору дилсӯз мешиносанду эътироф менамоянд. Махсусан иқдомҳои беназири  роҳбари давлат  дар самти гиромидошти неъмати бебаҳои табиат – обро кулли сокинони сайёра бо саодатмандӣ қабул намуданд. Яъне, барои ин марди соҳибназар ва фазилатпеша тақдири натанҳо тоҷикон, балки кулли бошандагони сайёра бефарқ нест. Пас мо миллати хушбахтем, ки чунин Сарвари сатҳи ҷаҳонӣ дорем.

Дар идомаи корҳои созандагиву бунёдкории Пешвои муаззами миллат  дар саҳифаи таърихи  кишварамон  санаи 16 – ноябр чун рӯзи таърихӣ боқӣ хоҳад  монд.   Лозим ба зикр аст, ки барои миллати тоҷик соли 2018 чун соли таърихиву хотирмон хоҳад монд. Чунки баъди 27 соли соҳибистиқлолӣ риштаҳои дӯстии ду миллати бо ҳам ҳамсоя ва фарҳангу забони муштарак тоҷику ӯзбек боз баста шуд. Ва моро чанд рӯз дигар пайғоми хуши дигаре интизор аст.

Зеро пас аз 44 соли оғози сохтмони нерӯгоҳи азими «Роғун»  ба шарофати сиёсати дурбинона, далериву иродатмандӣ, мардумсолориву ҳушмандии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чархаи аввали Нерӯгоҳи барқии обии «Роғун» ба фаъолият шурӯъ мекунад. Ва ин имконият медиҳад, ки кишвари мо ба истиқлолияти воқеии энергетикӣ ноил шавад.

Гузашта аз ин иқтидори истеҳсоли нерӯгоҳ имконият фароҳам меоварад, ки  мо дар тамоми фаслҳои сол нерӯи барқи изофагиро ба хориҷа фурӯшем. Сарвари давлат ҳанӯз соли 2008 замони кишвар зимистони сахту сангинро паси сар намуд,дар як сухаронии хеш таъкид дошта буданд. «Мо вазифадорем, ки ин ҳадафи стратегиро дар солҳои наздиктарин бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо ва пеш аз ҳама бо дарки ин асл, ки таъмини истиқлолияти энергетикӣ масъалаи нангу номуси миллӣ мебошад, ҳатман амалӣ намоем».

Инак, бо гузашти 10- сол, ин тарҳи азим ба воқеият табдил хоҳад ёфт. Ҳарчанд дар тӯли беш аз 40 сол, ҳатто замони шӯравӣ низ роҳбарону масъулини сатҳи болоӣ бунёди ин иншооти бузургро афсонае беш намедонистанд, роҳбари давлат бо ҷиддияти том, масъулияти баланди давлатдорӣ новобаста аз мушкилоти молиявӣ ва дигар монеагузориҳо тавонистанд, орзуҳои чандинсолаи мардуми ваҳдатшиори кишварро дар ҷомеа амалӣ кунанд.

Пешвои муаззами кишвар хуб медонистанд, ки иқтидори истеҳсолии нерӯи барқи кишварро бе нерӯгоҳи обии барқии “Роғун” тасаввур карда намешавад. Иншооти ҳаётан муҳим бо истифода аз технологияҳои беҳтарину навтарин ва мутобиқ ба талаботи стандартҳои байналмилалии сифату бехатарӣ аз ҷониби ширкати “Салини Импре — ҷило”-и Италия, ки дар соҳаи сохтмони иншооти гидротехникӣ дар арсаи байналмилалӣ яке аз ширкатҳои соҳибтаҷриба ба шумор меравад бунёд хоҳад шуд.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегатҳои аввалини нерӯгоҳи мазкур давоми солҳои 2018-2019 имкон медиҳад, ки талаботи иқтисодиёти Тоҷикистон ба нерӯи барқ хеле хуб гардонида шуда, барои содироти он имконияти васеъ ба вуҷуд ояд. Он рӯз дур нест, ки Тоҷикистон аз мамлакати ба содиркунандаи нерӯи барқи арзон мубаддал хоҳад гашт ва на танҳо иқтисодиёти худи ҷумҳурӣ, балки минтақа ва давлатҳои ҳамсояи дуру наздикро таҳким хоҳад бахшид.

Аз ҷониби дигар, мавриди истифода қарор гирифтани ин нерӯгоҳи бузурги аср – «Роғун» барои ба фаъолият шурӯъ намудани корхонаҳои нави саноатӣ, бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидани шаҳрвандони бекор, коҳиш додани сафи муҳоҷирони меҳнатӣ, истифодаи қобили меҳнати корӣ ба рушди истеҳсолоти ватанӣ ва ниҳоят барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум таъсири мусбӣ мерасонад. 

Иқдоми неки сарвари дурандеш, поягузори сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дили ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон шодию фараҳ овард ва минбаъд ин тадбири муҳим ба рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт, таъмини комили энергетикӣ дар кишвар таъсири мусбӣ расонида, ба ҳар як хонадони тоҷикистонӣ равшанӣ хоҳад бахшид.