Дар толори ДПДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд чорабинии илмӣ-маърифатӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Нахуст номаи табрикотии директори донишкада Дилафрӯз Саидӣ ба самъи ҳозирин расонида шуд. Таъкид гардид, ки соли ҷорӣ Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазое ҷашн гирифта мешавад, ки маъракаи муҳиму тақдирсози кишвар-Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-ифодагари сарҷамъиву муттаҳидӣ ва якдиливу якмаромии тамоми сокинони кишвар ҷамъбаст гардида, халқи хирдаманду дурандеш ва заҳматпешаи кишвари маҳбубамон бо умеду боварии комил барои фардои неку шукуфоии Ватан ва зиндагии босаодату шоиста қадами устувору созанда мегузорад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳафт соли оянда ба маснади арзандаи хеш аз нав интихоб гардиданд ва баргузории маросими бошукуҳи савгандёдкунии Президенти навинтихоби халқ бори дигар аз сулҳу ваҳдати комил, ки дар Тоҷикистон пойдору устувор аст, дар арсаи ҷаҳони башорат дод.
Иттилоъ дода шуд, ки таърихи бистунуҳсолаи кишвари соҳибистиқлоламон пур аз тазоду мушкилот, бурду бохт ва пастиву баландиҳо буд. Мо аз солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат ислоҳоти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат ва ташаккули муносибатҳои нави иқтисодиро вазифаи асосӣ эълон намуда, тавонистем, ки ба шарофати дастгирии самимона ва кӯшишу заҳмати мардуми ватандӯсту қавииродаамон рушди пайваставу устувори иқтисодии мамлакатро таъмин намоем.
Зикр гардид, ки дар ҳама давру замон нақши ҷомеасозиро шахсиятҳое бозидаанд, ки дар лаҳзаҳои вазнину сарнавиштсоз тақдири давлату миллати хешро бар дӯши худ гирифта, ононро ба масири ободиву созандагӣ баргардондаанд. Воқеан, ҳамин гуна хидматро барои миллати мо дар даврони пасошӯравӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом додаанд. Ин гуна шахсиятҳои давлатсозу сиёсатмадор иддае аз қобилиятҳо ва сифотеро дороанд, ки дар муваффақ будани онҳо ҳамин гуна сифатҳо метавонанд нақши калидӣ дошта бошанд. Дар замири шахсияти Роҳбари Давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қобилияту сифатҳои зиёде вуҷуд доранд, аммо умдатарин ва бунёдитарини онҳо сифатҳои фаросат, ҷасорат, устуворӣ ва мардумият ба ҳисоб мераванд, ки дар тамоми даврони фаъолияти ин бузургмарди миллӣ ифода гардидаанд.
Бидуни шубҳа корномаҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи барҷастаи давлатдорӣ ва ватандўстӣ дар минтақаву арсаи ҷаҳон арзёбӣ гардидааст, зеро наҷотбахши миллати тоҷик ба саҳнаи сиёсат баҳодурона қадам ниҳода, тавассути Иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаҳои хоинонро решакан ва барбод доданд.
Сипас барномаи фарҳангии фарогирии шеъру таронаҳои ватандӯстона ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.