Дар толори қасри фарҳанги хоҷагии ба номи Абдуғафур Самадови ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки беш аз 500 нафар хатмкунандагони ин ноҳия мулоқоти роҳбарони муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии вилояти Суғд баргузор гардид.

Эгамзода Зулола Анварӣ, муовини Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов чорабиниро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки иқдоми мазкур дар асоси дастуру супориши Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ роҳандозӣ шуда,  ин тадбир имкон медиҳад, то хатмкунандагон аз шароити таълимиву тадриси муассисаҳои олии вилоят аз наздик шинос шаванд. Соли гузашта аз шумори умумии довталабони ҳуҷҷатсупаоридаи ноҳия 88 дар сад ба муассисаҳои олӣ вам миёнаи махсуси ҷумҳурӣ тариқи Маркази миллии тестӣ дохил шудаанд, ки самараи чунин мулоқоти озоду шаффоф мебошад.

Баъдан, Олим Муҳаммедов, намоянда аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баромад намуда, аз хатмкунандагон даъват ба амал овард, ки дар чорабинӣ фаъол бошанд. Зеро чунин имконият бурди онҳост.

Роҳбарону намояндагон аз макотиби олии вилоят доир ба самти фаъолият, пояи модию техникӣ, раванди таълиму илм ва тарбия дар донишгоҳҳояшонро баҳри хатмкунандагон иброз доштанд.

Аз ҷумла дар баромади муовини директор оид ба таълими Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии  Тоҷикистон  Хуршед Мақсудов қайд шуд, ки шароити хуби таҳсиландӯзӣ, хобгоҳу китобхонаи муосири рақамӣ ва зиёд будани компютеру проекторҳо, синфхонаҳои лингафонӣ имкон медиҳад, ки дарсҳо босифат ва самаранок доир гарданд.

Дар фарҷоми мулоқот хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳр бо саволу пешниҳодоти хеш оид ба вазъи таҳсил, имтиёз ва шартномаву имконоти донишкадаву донишгоҳҳо маълумоти бештар пайдо намудан.