Бахшида ба Рӯзи забони тоҷикӣ дар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бо иштироки Шоири халқии Тоҷикистон, Фарзона ва устодону донишҷӯёни ин боргоҳи маърифат конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Забон ва худшиносии миллӣ” доир гардид.
Конфронси илмӣ –адабиро омӯзгори кафедраи забонҳои давлатӣ ва ҷомеашиносии донишкада Шафоат Файзиева оғоз намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ дар баробари рушд ва вусъати бештар пайдо намудани доираи нуфузи забони давлатӣ, ҷиҳати инкишофи забон ва фарҳанги ақаллиятҳои миллии муқими Тоҷикистон тадбирҳои зиёд амалӣ менамояд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар бораи забон қабул шудаанд, ҳифзи забони давлатӣ ва дигар забонҳои ҳудуди ҷумҳуриро таъмин менамоянд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар суханрониҳои хеш масъалаи поку беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ, баланд бардоштани мақоми онро дар ҷомеа борҳо ба миён гузошта, дар назди донишмандону аҳли ҷомеа вазифаҳои мушаххас гузоштаанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари забони давлатӣ барои истифодаи озоди забонҳои модарии намояндагони дигар миллату халқиятҳои сокини кишвар низ тамоми шароит ва заминаҳои ҳуқуқӣ муҳайё гардидаанд.


Сипас, дар ҷараёни кори конфронс сипас мудири кафедраи забонҳои давлатӣ ва ҷомеашиносии донишкада Таиба Бобоева ва омӯзгори калони кафедра Хайринисо Темирова оид ба таърих ва инкишофи минбаъдаи забони тоҷикӣ, бобати китоби Пешвои миллат ба унвони “Забони миллат – ҳастии миллат” маърӯзаҳои пурмӯҳтаво намуданд.
Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Фарзона ба минбари сухан баромада, забони тоҷикиро бисёр шоиронаю отифона ситоиш намуда, ҳастии забони тоҷикӣ, ки забони модарии ҳар як тоҷику тоҷикистонист, онро азизу гиромӣ шуморид. Шоир Фарзона аз ашъори тозаэҷоди хеш чанд намуна ба аҳли толор қироат намуд.
Дар қисмати дуюми чорабинӣ барномаи фарҳангӣ аз ҷониби донишҷӯён манзури иштирокдорон карда шуд, ки муҳтавои он шеърҳо андар ситоиши забон, саҳначаҳои тарбиявӣ, суруду рақси дилнишин буд.