Бо қарори Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода даври дуюми фестивал-озмуни атласу адраси Суғд дар сар то сари вилоят ҷараён дорад.

Дар партави қарори мазкур дар Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ Фестивали шаҳрии “Адрасу атласи Хуҷанд - 2018” баргузор гардид. Боиси ифтихор аст, ки ғолибони даври аввали озмуни мазкур аз Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ низ бо маҳорати баланд ҳунарнамоӣ карда, истеъдоди нотакрори хешро пешкаши ҳамагон гардониданд. Соҳибҳунарони факултети муҳандисӣ – технологӣ бо намудҳои гуногуни атласу адрас маҳсули дасти хешро ба намоиш гузоштанд, ки писанди ҳамагон гардид.

Аъзои ҳакамон ба ҳар як либос аз рӯи намуди атлас, тарзи дӯхт, тарзи ороиш ва мӯд баҳо дода, беҳтаринҳоро муайян намуданд.

Боиси хурсандист, ки донишҷӯи курси 3, ихтисоси 50.01.02 Бобоҷонова Нигора соҳиби шоҳҷоизаи фестивал-озмуни “Адрасу атласи Хуҷанд - 2018”  гардид.

Дар номинатсияи “Беҳтарин либоси кӯдакона” корманди Парки технологии донишкада Қосимова Рухшона соҳиби ҷойи сеюм гардид.  

Ба ғолибон дипломҳо ва тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд супорида шуд. Бо ҳамин даври дуюми фестивал – озмуни “Адрасу атласи Хуҷанд - 2018” ҳусни анҷом ёфт.

Аз номи кулли донишкада ғолибони озмуни "Атласу адраси Хуҷанд-2018"-ро табрику таҳният намуда, ба корҳои ояндаашон барору комёбӣ хоҳонем.