Бо мақсади баландбардории сатҳи дониши донишҷӯён ва ивази таҷрибаи устодон, ҳамзамон, дар доираи барномаи “HECAFS” намояндагони Донишгоҳи Литва меҳмони донишкадаи мо гардидаанд.

Гражина Янушлявичене, доктори илмҳои байторӣ, профессори Донишгоҳи илм дар бораи ҳаёт, Алвидас Шарлакаус, доктори илмҳои технологӣ, Александр Новославский доктори илмҳои кишоварзӣ аз фанҳои гуногун дар факултети муҳандисӣ – технологӣ, кафедраи “Маҳсулоти хӯрока ва агротехнология”  ба донишҷӯён дарсҳо гузаронида истодаанд.

Дарсҳо ва тренингҳо дар донишкада  аз санаи 19 то 29 октябри соли равон  идома меёбад. Устодони Донишгоҳи илм дар бораи ҳаёти Литва аз фанҳои “Методҳои ташхис ва таҳлили маводи хӯрока”(Food quality and safety control systems), “Истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ”  (Quality control systems), “Микробиологияи хӯрока” ба донишҷӯёни зинаи бакалаври 2.49.01.02 ва 2.74.02.06,   “Асосҳои илмии идораи сифати маҳсулоти хӯрока”( Quality management), “Микробиологияи хӯрока” ба магистрантони ихтисоси мазкур дасрҳои амаливу назариявӣ гузаронида истодаанд.  

Ғайр аз ин, намояндагони Донишгоҳи Литва бо устодони кафедраи “Маҳсулоти хӯрока ва агротехнология”  тренинг оид ба масъалаҳои стандарти байналхалқии бехатарии маҳсулоти хӯрока баргузор намуда, бо ҳамдигар ивази таҷриба менамоянд.

Зимни сӯҳбат бо устодони ин Донишгоҳ аён гардид, ки донишкадаву донишҷӯёни мо аз нигоҳи онҳо яке аз беҳтаринҳо буда, дарсҳо дар сатҳи баланд доир мегарданд.

Ҳангоми иштирок дар дарси донишҷӯёни ихтисоси 2.74.02.06 ва сӯҳбат бо донишҷӯён, ки омӯзгори он  доктори илмҳои технологӣ Алвидос Шарлакаус мебошад, аён гардид, ки аз рӯзҳои аввал донишҷӯён бо устодони Донишгоҳи Литва муносибати хуб ва ҳамдигарфаҳмӣ пайдо намуда, дар дарсҳо бо фаъолнокии баланд иштирок намуда истодаанд. Алвидос Шарлакаус оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрока, индикатори сифати маҳсулот ба донишҷӯён маълумот дод, ки онҳо бо шавқи баланд ва диққати том аз худ намуданд. Александр Новославский, доктори илмҳои кишоварзӣ бошад ба донишҷӯёни курси 2.49.01.02 аз фанни “Микробиологияи хӯрока” таълим дода истодааст. Азбаски донишкада дорои сатҳи баланди пояи моддиву техникӣ буда, лабораторияҳои замонавӣ бо таҷҳизоти муосир таъмин мебошад, А.Новославский фанни таълими худро дар лабораторияи мазкур гузаронида истодааст. Ҳангоми сӯҳбат донишҷӯён ва худи устод қайд намуданд, ки дарсҳо хеле шавқовар мегузаранд. Донишҷӯён ҳамаи донишҳои назариявии худро  дар лаборатория амалан иҷро намуда, мавзӯи фанни таълимиро хубтар омӯхта истодаанд.

Чунин ҳамкориҳо дар ҳақиқат саривақт ва зарурӣ буда, нақши мусбии хешро дар сатҳу сифати таълим, баландбардории дониши донишҷӯён ва муносибатҳои дӯстонаи байналмиллаӣ хоҳад гузошт.