Бахшида ба Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ  бо қарори раиси вилояти Суғд дар қаламрави вилоят  таҳти унвони “Ҳифзи Ватан қарзи шаҳрвандии мост!” чорабиниҳо баргузор гардид.Ба ин муносибат дар шаҳри Гулистон низ таҳти чунин унвон хонишҳои сиёсӣ барпо шуд. Чорабинии мазкур бо ҳамкории Шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи Раиси шаҳри Гулистон, таҳти роҳбарии мудири шуъба Мадализода Илҳом Раҳим ва мутахассиси пешбари шуъба Ҷӯраева Мафтунахон баргузор гардид. Хониши сиёсӣ дар 43 муассисаҳои шаҳраку ҷамоатҳои Сирдарё, Адрасмон, Консой, Зарнисор, Исфисор доир гардид. Дар хониши сиёсии Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон, маркази саломатӣ, МТМУ №1, шаҳраки Сирдарё бо маводи ташвиқотӣ  Абдуманнон Одинаев, номзади илмҳои филологӣ, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров,  Хуршед Назаров, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, намояндаи ДПДТТХ ба номи академик М.Осимӣ Қодирова Х. ширкат варзида, баромадҳо намуданд.

Баъди гузаронидани хониши сиёсӣ дар “Кохи Истиқлол”-и шаҳри Гулистон чорабинии фарҳангӣ бахшида ба 26-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барпо гашт, ки табъи ҳамагонро болида намуд. Сухани табрикотии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷониби намояндаи МИҲД-и вилоят Маҳмадӣ Давлатов ба самъи ҳозирин расонида шуд. Баъдан иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Шарифзода Фирдавс ҳарбиёнро бо Иди Артиши миллӣ табрик намуд. Ба кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ, кормандони ШВКД, собиқадорони меҳнати Вазорати мудофиа барои фаъолияти пурсамар ва хизмати шоиста сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Чорабинии идона, ки аз ҷониби Бахши фарҳанги шаҳр ташкил карда шуд, дар сатҳи баланд доир гардид. Сарояндагону ҳунармандони машҳури вилоят бо сурудҳои саршори ватандӯстиву худшиносӣ руҳияи ҳамагонро баланд бардоштанд.  Рӯзи ахбори омма дар шаҳри Гулистон дар сатҳи баланд гузаронида шуда, хотима ёфт.