Ба варзиш машғул шудан натанҳо гарави саломатист, балки инсонро аз ҳама гуна амалҳои ношоиста эмин медорад. Вобаста ба рушди варзиш дар сатҳи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар корҳои зиёде ба сомон расонида шудааст. Мулоқоти бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарон ҳама гуна мушкиливу муаммоҳои варзишгаронро ҳал намуд. Алҳол дар кишвар даҳҳо ҷоизадорони мусобиқаҳои сатҳи Аврупову Осиё ва ҷаҳонӣ кор ва зиндагӣ доранд.

Боиси хушнудист, ки ман ҳам мисли дигар ҷавонони хушбахти диёр ба намуди қаиқронӣ дилбастагии комил дорам. Ва вақте аз машғулиятҳо озод мешавам, зуд ба машқгоҳ рафта, маҳоратамро сайқал медиҳам.   

Новобаста аз он, ки донишҷӯи курси 5- и Донишкадаи политехникӣ ҳастам, борҳо бо дастгирии директори донишкада дар мусобиқаҳо ширкат варзида, шарафи донишкада, вилоят ва ҷумҳурииро дар арсаи байналмилалӣ ҳимоя мекунам.

Соли гузашта дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ҷойи аввал ишғол намуда, имсол низ ғолибият насибам гашт.

Аз 11 то 16- моҳи сентябр дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон мусобиқаи Ҷоми Осиё доир шуд ва ман дар ин мусобиқа мақоми сеюмро касб намудам. Баъдан дар шаҳри Душанбе мусоибиқаи интихоботӣ барои иштирок ба мусобиқаи сатҳи Осиёӣ доир шуд ва ман бо ба даст овардани ҷойи аввал ба  ин мусобиқа роҳхат гирифтам.

Дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин санаҳои 13- 18 октябр мусобиқаи сатҳи Осиёӣ доир шуд, ки дар он 25 давлати Осиё зиёда аз 500 варзишгарон ширкат доштанд. Аз миёни 500 варзишгарон мақоми 9-умро касб намудам.  Ин дастовези ман буд ба ифтихори эълон шудани соли 2017- Соли ҷавонон .  

Ман аз Раиси собиқи вилоят муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ сидқан миннатдорам, ки барои рафтуомад ва фароҳам овардани шароити мусоид ёрмандӣ намуданд. Ҳамчун аз  мураббии худ Бобоҷонов Азиз миннатдорам, ки маро ба чунин сатҳ оварда омода намуданд. Ва ниҳоят аз устодон, шахсан аз директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон  дар шаҳри Хуҷанд Саидӣ Дилафрӯз Раббизода миннатдорам, ки новобаста аз ҷараёни  машғулиятҳо имкон доданд, то ба мусобиқаҳо равам. яндекс

 

Абдураҳмон Рахимов, донишҷӯи курси 5, гурӯхи 69.01.01та