Истиқлолият аз бузургтарин дастовард ва неъмати халқи тоҷик аст, ки моро ҳамбастаи сулҳу ваҳдат ва дӯстиву рафоқат гардонидааст. Маҳз истиқлол аст, ки мо имрӯз дар фазои орому осуда зиндагӣ дорему ваҳдату оштӣ пешаи мост.

Бо шукргузорӣ аз суботи кишвар ва истиқболи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 8 сентябр дар толори ДПДТТ ба номи М.Осимӣ чорабинии сиёсиву  фарҳангӣ баргузор гардид.

Чорабинӣ аз намоиши навор оид ба дастовардҳои донишкада оғоз гардид. Баъдан сухани табрикотӣ ба ифтихори 27-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз дода шуд.

Зимни суханони табрикотии хеш Саидӣ Дилафрӯз ҳозиринро бо фарорасии Иди Истиқлолияти давлатӣ таҳният намуда, қайд намуданд, ки имрӯзи осудаи мо бо шарофати соҳибдавлатӣ ва заҳматҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Махсусан, зикр шуд,  ки барои баландбардории маърифати сиёсии сокинону донишҷӯён, ҳисси ифтихори миллӣ, дӯстдории ин сарзамину миллати аҷдодӣ саҳми омӯзгор калон аст. Маҳз меҳнати шабонарӯзии устодони донишкада аст, ки имрӯз сатҳ ва сифати таълим боло рафта, обрӯи донишкада дар қаламрави кишвар боз ҳам баландтар аст

Баъди табрикоти директори донишкада ҷонишини директор оид ба таълим Мақсудов Хуршед суханронӣ намуданд. Мақсудов Х.Т аввалан ҳамагонро бо ҷашни бошукӯҳ табрик намуда, баъдан директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизодаро бо гирифтани Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Раёсат ва ҷомеаи устодон табрику таҳният намуданд. Ба директори донишкада Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.  

Боиси ифтихор аст, ки устоди донишкада Зариф Довудов номзади илмҳои физика ва математика гардид. Аҳли нишаст ва директори донишкада устодро бо гирифтани номзадӣ таҳниятҳо намуданд.

Аз ҷониби Раёсати донишкада ба устодон ва кормандони фаъол сипоснома ва ифтихорномаҳо супорида шуд.

Баъди қисмати расмӣ  бахши фарҳангӣ оғоз гардид. Дар чорабинӣ донишҷӯён гулдастаи шеъру суруд, рақсу таронаро пешкаши ҳозирин намуданд.

Бо ҳамин чорабинии идона ба истиқболи 27 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни анҷом ёфт.