Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимиятии давлатии шаҳри Хуҷанд бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Соли нави мелодии 2018 ташкили истироҳату фароғат барои сокинону меҳмонони маркази вилоят  шурӯъ аз 15-уми декабр дар майдони “Ситораҳои Хуҷанд” арчаи солинавӣ ороста, барномаҳои фарҳангии идона пешкаши сокинон карда шуд. Дар ин чорабинӣ тибқи нақша аз санаи 15-ум то 21-уми декабр мактабҳои миёнаи шаҳр ва аз санаи 22-ум то 30-уми декабр муассисаҳои олӣ ва коллеҷҳои  маркази вилоят бо барномаҳои рангини худ баромад намуданд.

Сокинони маркази вилоят бо истифода аз имкони мавҷуда ҳамарӯза ба тамошои намоишномаҳо меомаданд. Дар ин саҳнаи назди арчаи солинавӣ баробари донишҷӯён, ҳунармандони касбӣ, ҳамчунин соҳибистеъдодҳои нав низ, баромад намуданд, ки ин саҳна барои камол ёфтани онхо дар оянда як заминаи воқеӣ мегузорад.

Санаи 28 декабр гурӯҳи ҳаваскорон ва ҳунармандони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо барномаи рангини консертӣ, намоиши саҳначаҳои солинавӣ, шеъру сурудҳо назди беш аз 2 ҳазор сокинони Хуҷандшаҳр ва меҳмонон баромад намуданд.

Ба тамошобинон махсусан гурӯҳи маҳфили зарифони донишкада, бобою барфак, рақси якка, бадеҳа ва суруди ҷамъбастӣ писанд омад. Ҳайати ҳакамон ба ҳунари донишҷӯён баҳои баланд дода, аз ҳаваскорон даъват ба амал оварданд, ки санаи 31 декабр дар барномаи рангини консертӣ ҳунарнамоӣ кунанд.