Соли дуюм аст, ки бо иқдоми Раёсати донишкада ҳафтаи худидоракунӣ дар донишкада ташкилу баргузор мегардад. Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур баланд бардоштани сатҳи маҳорату малакаи корбарии донишҷӯён дар самти иҷрои вазифаҳои пурмасъулият, тарбияи кадрҳои болаёқати роҳбарикунанда, ҷалби бештари ҷавонон ба омодакунии низоми идоракунии давлатӣ ба шумор меравад.  Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки маҳз таввасути худидоракунӣ, донишҷӯён фаъолияти худро дар самтҳои гуногун, чорабиниҳои тарбиявии донишгоҳ зери назорат гирифта кор карда метавонанд.

Санаи 6 июни соли равон дар толори донишкада ҷамъбасти ҳафтаи худидоракунӣ ва Рӯзи ҷавонон доир гардид. Чорабинӣ бо қисми тантанавӣ оғоз ёфт. Директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз донишҷӯёнро табрик намуда, аз ҷумла, афзуд: “Мақсади ниҳоии мо дар ҳафтаи худидоракунӣ ин буд, ки нерӯи зеҳнӣ, идеяву пешниҳодҳои Шумо минбаъд дар раванди идоракунии донишкада ба инобат гирифта шавад. Зеро таҷрибаҳои давлатҳои пешрафтаи дунё нишон дода истодааст, ки такя кардан ба кадрҳои соҳибистеъдоди ҷавон давлатро пойдор ва пешрав мегардонад. Имрӯз вақти он расидааст, ҷавононро ба он одат кардан зарур аст, ки мустақилона аз пайи ҳалли мушкилотҳои дар раванди таълиму тарбия пайдо шудаи хеш шаванд. Аммо дар шароити имрӯза мавқеи фаъоли мустақилияти донишҷӯён хеле кам ба назар мерасад. Ин аз як тараф камбудии мо масъулин бошад, аз ҷониби дигар ин бетарафии донишҷӯёни фаъол нисбати ҳамсолони худ аст. Мо бояд ташаббускор ва масъулиятшинос бошем. Барои хубу босифат гузаштани раванди машғулият, чорабиниҳои берун аз донишгоҳи на ба тарзи маҷбурӣ, балки сидқдилона бо амри дили худ ҷалб гардем”.

Аз ҷониби директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз  20 нафар донишҷӯёни ҳафтаи худидоракунӣ, 5 нафар ғолибони олимпиада, 12 нафар варзишгарон, 4 нафар омӯзгорони ҷавон, дастаи “Enactus” –и донишкада, ғолибони мусобиқаи хурд оид ба футболи донишкада – факултети информатика ва энергетика қадршиносӣ гардиданд.

Қисмати фарҳангии чорабинӣ дар сатҳи баланд намоиш дода шуд. Сурудҳои “Ҷавонӣ”, “Попурӣ”, “Яблоко любви”, суруди ӯзбекӣ, “Пешвои миллат” бо маҳорати баланди донишҷӯён сароида шуд.

Бо ҳамин Рӯзи ҷавонон ва ҳафтаи худидоракунӣ дар донишкада ҷамъбаст гардид.