Ҳар як паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадами навбатӣ ба сӯйи ояндаи обод буда, ҳар як шахси худшиносро дар руҳияи ватанпарастиву ватандӯстӣ ҳидоят мекунад. Дар паёми 26 декабри соли 2018 бо мақсади дуруст ташкил намудани инфрасохтори сайёҳӣ солҳои  2019-2021 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди деҳа ва сайёҳат эълон гардид. Қайд гардид, ки дар соли 2018 шумораи сайёҳони ба Тоҷикистон ташрифоварда 2,5 баробар афзуда, минтақаҳои сайёҳӣ назаррас муаррифӣ карда шуданд. Ҳунарҳои мардумӣ васеъ паҳн гардида, ҳамагон аз маҳсулотҳои дастии ҳунармандии мардумӣ бештар огаҳӣ ёфтанд.

Бахшида ба Соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ моҳи декабри соли 2018 бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд озмуни вилоятии “Мақолаи беҳтарин” дар мавзӯи “Тоҷикистон – минтақаи ҷолиби сайёҳӣ” эълон гардида буд. Донишҷӯёни муассисаҳои олӣ аз тамоми гӯшаву канори вилояти Суғд  мақолаҳои хешро ба МИҲД-и вилояти Суғд пешниҳод намуданд. Аз ҷумла, чанд нафар донишҷӯёни фаъоли ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ низ иштирокчии озмуни мазкур гардиданд.

Ҷамъбасти озмуни “Мақолаи беҳтарин” дар МИҲД-и вилояи Суғд бо иштироки раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид. Хурсандиовар аст, ки ду нафар донишҷӯи донишкада сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардид. Мамадалиев Фарҳодҷон, донишҷӯи курси 1_70.02.01тГ сазовори ҷойи 1-ум гардида, соҳиби диплом ва мукофотпулӣ ба маблағи 2500 сомонӣ гардид. Донишҷӯи дигар Мамадҷонова Муҳиба, курси 2_49.01.01.тА соҳиби дипломи дараҷаи сеюм ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1000 сомонӣ гардид. Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ ба ғолибон аз ҷониби раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

Мамадалиев Фарҳодҷон ва Мамадҷонова Муҳибаро бо ғолибият дар озмуни мазкур аз номи кулли устодон ва донишҷӯён сидқан табрик гуфта, дар роҳи илму маърифат муваффақиятҳои беназирро таманно дорем.