Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд силсиламулоқотҳои  сокинони вилоят бо намояндагони МИҲД доир ба пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ идома дорад.

Мувофиқи нақша-чорабиниҳо чунин мулоқоти озод  санаи 29 ноябри соли равон дар ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ баргузор гардид.

Муовини директор оид ба корҳои тарбия Аминов Ф.А. суханронӣ намуда, аз ҷумла, зикр дошт, ки аcри 21 дар баробари пешравиҳои илму техника, ҳамчунин асри ҷаҳонишавии тамаддунҳо, торафт доман паҳн кардани хатарҳои экстремистию террористӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб мегардад.

Бо дарки муҳимияти масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ қайд карда буданд: «Бо дарназардошти воқеияти кунунӣ ва бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир мо омодаем ҳамкориҳои густурдаро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшем. Мо ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона, бидуни ҷангу низоъ, густариши ҳамкориву шарикии баробар ва судманди ҳамаи кишварҳои олам, таъмини амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда бар асоси Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошем».

 Дар вохӯрӣ ҷомеаи устодон ва донишҷӯён, намояндагони МИҲД вилояти Суғд  Олимҷон Мирмухамедов -  сармутахасиси Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа,  Мавлонова Муаяссара - муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи МИҲД вилояти Суғд,  Ахмедов Шаҳзодҷон - сармутахассиси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ширкат варзиданд.

Мирмухамедов О. оид ба ҷавонони гумроҳзада, ки фирефтаи  доми макру фиреби хоинҳо гашта, ба Сурия сафарбар шудаанд, суханронӣ намуд. Зимни баромади хеш қайд намуд, ки ҷавонон ба ҳизбҳои гуногуни ғайриқонунӣ ҳамроҳ нашуда, аз пайи илмомӯзӣ гарданд. Вақтҳои холигии худро фориғ нагузаронида, амалҳои барои худ ва ҷамъият муфидро ба сомон расонанд.

Мавлонова Муяссара, муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд низ баромад намуда, зикр кард, ки маркази иттилотии машваратии ройгон барои занон амал мекунад. Дарҳои марказ барои занони ба дастгирӣ ниёз дошта ҳамеша боз аст. Маркази машаваратию иттилоотӣ ба занҳо маслиҳатҳои ройгон дода, кӯмаки худро барои ҳалли муаммо мерасонад.

Ахмедов Шаҳзодҷон, сармутахассиси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ҷиҳати пешгирӣ аз аъзошавӣ ба ҳизбҳои ғайриқонунӣ сухан ронда, аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки зиракии сиёсии худро аз даст надода, ҳушёр бошанд. Пайгири сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардида, ояндаи ватан бошанд.

Дар фарҷом Аминов Ф.А. ҳамчунин қайд кард, ки барои мустаҳкам намудани заминаи ҳуқуқӣ дар ноябри соли 1999 парлумони кишвар қонун «Дар бораи мубориза бо терроризм»-ро қабул кард. Бар замми ин  Барномаи махсус таҳия ва «Консепсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бо терроризм» қабул карда шудааст. Инчунин 30 марти соли 2006 Судии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотҳои зеринро характери террористӣ ва экстремистӣ дошта эълон ва фаъолияти онҳоро дар Тоҷикистон манъ кард. Ҳар яки мо новобаста аз синну сол, фарқияти ҷинсиву вазъи иҷтимоӣ зарур аст, ки зиди терроризму экстремизм муборизаи ҳамҷоя барем.

Нагузорем, ки ҷавонони мо ба гурӯҳу ҳаракатҳои гуногун шомил шаванд. Зеро ватани моро ба ҷуз худи мо каси дигар обод намекунад.

Мулоқоти  озоду шаффоф бо донишҷӯёну устодон  сурат гирифт.

Бо ҳамин вохӯрии судманд ба охир расида, донишҷӯёнро  бори дигар дар руҳияи худшиносӣ ва худогоҳӣ ҳушдор намуд.