Бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 – Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Рӯзи илми тоҷик санаҳои 25-26-уми апрели соли равон дар донишкада Конференсияи илмӣ-амалии омӯзгорон, муҳаққиқони ҷавон, докторантони PhD, магистрантон ва донишҷӯён баргузор мегардад.
Рӯзи аввал конференсия аз рӯи 7 бахш кори худро оғоз намуд. Бахши аввал “Фаъолияти иқтисодӣ, молиявӣ ва сайёҳӣ ҳамчун омили рушди устувории иқтисодиёт” бо роҳбарии дотсенти кафедраи иқтисодиёти соҳавӣ Ахмедова Малика амал намуд. Дар бахши мазкур 5 нафар донишҷӯён, магистрантон ва докторантон бо маърӯзаҳои худ баромад намуданд. Дар баромадҳои иштирокчиён масъалаҳои асосии рушди устувори иқтисодӣ, омилҳои пешбарандаи иқтисодиёт зикр карда шуд. Бахши дигар ин “Ташаккули ҳунарҳои мардумӣ дар замони муосир” мебошад, ки таҳти роҳбарии Умарова Зӯҳро фаъолияташро идома дод. Мудири кафедраи “Дизайн ва меъморӣ” Раҳимова Ҳамрохон низ ба маърӯзаи иштирокчиён баҳо дода, фикру ақидаашро нисбати маърӯзаҳо баён намуд. Дар ин бахш 10 нафар магистрантони донишкада бо намоиши либосҳои ҳозиразамон тариқи слайд баромад намуданд. Дар бахши мазкур масъалаҳои тарҳи либос дар замони муосир мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бахши сеюм “Электроэнергетика дар рушди сайёҳӣ ва тараққиёти устувори иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо роҳбарии дотсенти кафедраи Таъмини барқ Хоҷиев Анвар ва устоди ҳамин кафедра, номзади илмҳои техникӣ Тошхӯҷаева М. идома ёфт. Рӯзи аввал дар он докторанти донишкада Мирзоев Дабир оид ба масъалаи истифодаи қувваи барқ дар деҳот баромад намуд. Бахши чорум “Нақши сохтмон ва нақлиёт дар рушди деҳот, сайёҳӣ ва тараққиёти устувори иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон” сурат гирифт. Он таҳти роҳбарии декани факултети сохтмон ва нақлиёт Акрамов Абдуқодир фаъолият бурда, ҳамзамон устод Кенҷаев А. низ ширкат дошт.
Дар бахши мазкур 7 нафар иштирокчиён бобати рушди соҳаи нақлиёт, нақши он дар пешравии иқтисодиёт ва деҳот маъруза намуданд. “Нақши соҳаи хӯрока ва кишоварзӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ” бахши 5-уми конференсияро ташкил дод, ки бо роҳбарии мудири кафедраи “Агротехнология ва маҳсулоти хӯрока” Комилова Дилрабо ба кори худ оғоз намуд. Дар он 11 нафар устодон, магистрантон ва докторантон оид ба сифати маҳсулоти хӯрока, маҳсулотҳои истеҳсоли ватанӣ, рушди амнияти озуқаворӣ баромад намуданд. Таҳти унвони “Масъалаҳои мубрами забон ва фанҳои ҷомеашиносӣ” низ устодони кафедраи Забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ кори худро оғоз намуданд. Бахши мазкур бо роҳбарии мудири кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ Бобоева Таиба ба роҳ монда шуда, устодони кафедра Темирова Х., Ғозиева М., Норов И., Муллоусмонова Г., Мирзоева М., бобати масъалаҳои забони тоҷикӣ, сатҳи дониши донишҷӯёни донишкада оид ба забономӯзӣ, китоби тозанашри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Уфуқҳои Истиқлол” баромад намуданд. Дар бахши “Технологияҳои иттилотӣ воситаи рушди устувори ҷамъият” 8 нафар магистрантону докторантон баромад намуданд. Роҳбари бахш Усмонова Маҳина ва котиб Зулфиқорова Парвина баромадҳои иштирокчиёнро мавриди баррасӣ қарор дода, саволу ҷавоб намуданд.
Зимни кори конференсия ва баромади иштирокчиён мақолаҳои илмии ҳар як иштирокчӣ таҳлил ва баррасӣ карда шуд. Конференсияи мазкур дар замони ҳозира аҳамияти калон дошта, қадаме барои рушди устувори иқтисодиёти кишвар гардид.
Рӯзи аввали кори конференсия бо фаъолияти бахшҳо анҷом ёфт. Оид ба ҷамъбасти Конференсияи илмӣ-амалии омӯзгорон, муҳаққиқони ҷавон, докторантони PhD, магистрантон ва донишҷӯён боз маълумот хоҳем дод.