Дар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ Конференсияи вилоятии олимон ва муҳаққиқони ҷавони вилояти Суғд дар мавзӯи “Ҷанбаҳои илмӣ, амалӣ ва назариявӣ, натиҷагирӣ аз соли 2017 ҳамчун соли ҷавонон: дастгириҳои Пешвои миллат ва дастоварҳо дар самти сиёсати давлатии ҷавонон дар давраи соҳибистилолӣ” доир гардид.


Дар конференсия беш аз 300 нафар олимон ва муҳаққиқони ҷавон аз муассисаҳои таҳсилоти олии вилоят иштирок намуданд

Зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавононро яке аз рукнҳои аввалиндараҷаи сиёсати Ҳукумати кишвар ҳисобида, ҳамеша таъкид медоранд, ки ҷавонон нерӯи фаъолу боғайрат, қувваи созандаи ҷомеаи моро ташкил медиҳанд. Онҳоро хуб тарбия кардан ва ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят кардан вазифаи муқаддаси ҳамаи аъзои ҷомеа аст. Зеро ҷавонон ободгарони Ватан, соҳибони ояндаи Тоҷикистони мустақилу демократӣ ва такягоҳи боэътимоди давлати соҳибистиқлол мебошанд.

Дар интиҳо иштирокчиён ба Сарвари давлат ҷиҳати дастгирию пуштибонии ҷавонон изҳори миннатдорӣ намуда, сипас аз тарафи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят ба иштирокчиёни фаъол ифтихорнома супорида шуд.