Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Парчам - рамзи сарбаландӣ ва саодати халқ” бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Нахуст Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода ҳамагонро ба Рўзи Парчами миллӣ табрику таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки барои мардуми сарбаланди кишвари мо, аз ҷумла, аъзову ҷонибдорони ҲХДТ соли фаромӯшнопазир маҳсуб меёбад. Зеро, дар маъракаи муҳиму тақдирсоз – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пирӯзӣ расидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин солро барои кулли ҳамватанон соли накӯву хотирмон гардонид. Боиси ифтихор аст, ки тамоми чорабиниву ҷашнҳо зери парафшонии Парчами давлатӣ бо шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдат, амну осоиштагии Ватан ва ободкориву бунёдкориҳо доир гардиданд. Бояд қайд намуд, ки Парчам барои мардуми тоҷик рамзи ватандорӣ, сарбаландӣ ва шуҷоату мардонагӣ буда, халқи мо аз замонҳои қадим ба он ҳамчун василаи муттаҳидкунанда арҷ мегузорад. Воқеан, аз ибтидои ҳастӣ муаррификунандаи давлату миллат дар арсаи ҷаҳонӣ Парчами миллӣ буда, барои болафшон будани он дар тӯли таърих миллатҳои рӯйи олам ҷонбозиҳои зиёд намудаанд.
Сипас директори ДПДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Дилафрўз Саидӣ баромад намуда, аз ҷумла таъкид, ки таҷлили Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун нишони садоқати имрўзиён ба анъанаҳои қаҳрамононаи авлоду аҷдоди сарбаланд, арҷгузорӣ ба арзишҳои умумимиллӣ арзёбӣ мешавад ва он барҳақ, таҷассумгари мақсаду мароми мо дар роҳи эъмори давлати демократии ҳуқуқбунёду дунявӣ мебошад. Парчами давлатӣ нишони ифтихор ва сарбаландии миллат аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон чун давлати соҳибистиқлол дорои муқаддасоти миллӣ: Нишон, Суруди миллӣ, Парчам, Конститутсия, Забони давлатӣ ва пойтахти худ – шаҳри Душанбе аст, ки гиромидошту эҳтироми он қарзи ҳар як сокини ватандори кишвар аст. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ қайд намудаанд: «Қарзи шаҳрвандии мост, ки эҳтироми рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчамро ба ҷо орем, ҳамеша ва дар ҳама ҷой онро гиромӣ дорем, барои ҳимояи он ва поку муқаддас доштани он бо тамоми ҳастӣ омода бошем, зеро пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами миллӣ бо ҳифзи Ватан, падару модар, аҳли хонавода ва пос доштани суннатҳои халқи худ баробар аст».
Дилафрўз Саидӣ афзуд, ки миллати соҳибфарҳанги мо соҳиби Парчами давлатӣ гардид, то имрўз дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавии кишвари азизамон дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омаданд. Қабули Парчам ба болоравии ҳисси миллӣ ва сатҳи худшиносии мардуми Тоҷикистон мусоидат намуд. Дар солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ Парчами давлати тозаистиқлоламон барои шинохти асолати миллӣ, эҳёи суннатҳои давлатдорӣ ва сарҷамъу муттаҳид намудани кулли сокинони мамлакат нақши арзишманд бозид. Парчам ҳамчун рамзи нангу номуси ватандорӣ дар он шабу рўзҳои тақдирсоз тавонист, ки эҳсоси гарми ватандориро дар қалби ҳар як фарди кишвар бедор созад ва таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами мо миллатамонро ба сўи фардои ободу осуда раҳнамоӣ кунад. Боиси шарафмандии мост, ки имрўз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пештоқи биноҳои бонуфузтарин созмонҳои байналмилалию умумиҷаҳонӣ, ки кишвари мо ба онҳо узвият дорад, парафшонӣ мекунад. Ин амал шаҳодати он аст, кишвари мо рўз аз рўз дар миқёси ҷаҳон нуфузи бештар ёфта истодааст, ки боиси ифтихору рўҳбаландии тоҷикони дунё мебошад.
Дар ҷараёни кори конфронс ҳамзамон мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода, дотсенти ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Шавкат Шарипов аз таърихи парчамдории тоҷикон ва шукуҳи имрўзаи Парчами давлатӣ маърўзаҳои илмӣ намуданд.
Таъкид шуд, ки имрўз шукронаи давлати соҳибистиқлоламон аст, ки Парчам тавассути амалҳои созандаву ободгаронаи фарзандони ватандўсту бонанги мо дар қалби ҳар фарди ҷомеа ба вожаи воқеан муқаддас табдил ёфтааст.
Дар анҷоми конфронси илмӣ маросими супоридани сипоснома ва шаҳодатномаи шунавандагони мактаби захираи кадрҳо ва қадршиносии ғолибони озмуни “Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд” баргузор гардид