Тоҷикистон чун кишвари агросаноатӣ барои афзун намудани маҳсулоти кишоварзӣ аҳамияти хосса медиҳад. Зеро яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар таъмини амнияти озуқаворӣ маҳсуб меёбад. Барои амалӣ шудани  ин ҳадафи созандаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили хоҷагиҳои деҳқониву инфиродӣ мусоидати бештар менамояд. Тибқи омори расмӣ ҳоло дар вилояти Суғд ҳудуди 5 ҳазор хоҷагиҳои дехқонӣ фаъолияти бомаром доранд. Солҳои охир бинобар замин соҳиби аслии худро ёфтан, кишоварзон роҳҳои баланд бардоштани самараноки меҳнатро ҷӯё мешавад. Коршиносони соҳа бар онанд, ки махсусан кишти пунбадона ва парвариши он барои кишоварзон нафъи бештар меоранд. Аз ин лиҳоз соли равон дар ҳудуди вилояти Суғд майдони кишти чигит зиёд гардида,  мувофиқи дурнамо бояд  150 ҳазор тонна ҳосили пахта ғундошта шавад. Айни замон чидани ҳосили бо ранҷ пухта расида вусъати тоза касб намуда, саҳмдорон бо кӯмаки ҳашарчиён баҳри беталаф ғунучини он кӯшиш мекунанд. Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри ҳавасмандии чинакчиён анъанаи пешини ҷамъбасти даҳрӯзаро аз нав эҳё кард. Ба ғолибон дар ҷамъбасти ду даҳрӯза мукофотҳои пулӣ дар хаҷми калон дода шуд.

Худи Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ташаббус нишон дода, чанд маротиба дар рӯзҳои истироҳат барои кӯмак барои ҳашарчиён рафтанд. Дар пайравӣ ба ин ташаббуси Раиси вилоят ташкилоту корхонаҳои шаҳри Хуҷанд ҳар ҳафта рӯзи истироҳат ба майдони пахтазор  мераванд ва паҳлӯ ба паҳлӯи саҳмдорон барои беталаф ғундоштани дурри гаронбаҳҳо кӯмак менамоянд.  Чунончи бо истифода аз ҳавои офтобӣ рӯзи шанбе устодону шогирдони донишкадаи ДПДТТ  бо ҳамроҳии дигар ҳашарчиёни шаҳр ба саҳроҳои хоҷагии ҳудуди Қотмаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рафтанд. Онҳо бо ҳамроҳии ҳашарчиён ғайратмандона меҳнат намуда, дар маҷмӯъ беш аз 4 тонна ба хирмани хоҷагӣ рехтанд.  Ба чинакчиёни чобукдаст дар фарҷоми кори бобарор тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.