маҷлисгоҳи Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, роҳбарияти донишкада, олимону донишҷўён конференсияи илмӣ – амалӣи ҷумҳуриявӣ ДПДТТ: “Муаммо ва самтҳои асосии рушди саноати сабуки Ҷумҳури Тоҷикистон ” баргузор гардид.

Конфронсро директори Донишкада Дилафрўз Саидӣ ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла таъкид дошт, ки конференсияи имрӯза, ки ба масъалаи рушд ва дурнамои соҳаи саноати сабук дар кишварамон бахшида шудааст, аз манфиат холӣ нахоҳад буд. Андешаи коршиносон, мутахассисон, устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ҳамчунин намояндагони корхонаҳои итстеҳсолӣ барои рафъи мушкилиҳои соҳа ва афзун намудани дастовардҳои истеҳсолӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ зимни супоришу вазифагузориҳо Ҳукумати мамлакатро вазифадор намуданд, ки минбаъд ба ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, тақвияти нерӯи инсонӣ, бо истифода аз технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани инноватсия вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ диққати аввалиндараҷа диҳад. Ҳамзамон Сарвари давлат таъкид доштанд, ки: «Шиддат гирифтани рақобати тиҷоратӣ миёни кишварҳо моро водор месозад, ки дар самти пешгӯии хавфҳо ва коҳиш додани таъсири онҳо ба иқтисоди миллӣ, инчунин, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулдоти истеҳсоли ватанӣ тадбирҳои зарурӣ андешем».

Сипас, Анвар Яъқубӣ, муовини Раиси вилоят дар мавзуъи “Самтҳои асосии рушди саноати сабук дар вилоят баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки рушди соҳаи саноат барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави кори мавсимиву доимӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он, ҳамзамон бо ин васила баланд гардидани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ асос мегузорад. Бо назардошти ин, саноатикунонии босуръат ва аз кишвари аграрӣ – индустриалӣ ба кишвари индустриалӣ – аграрӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси ҳадафи чоруми миллӣ қабул гардид. Айни замон дар радифи соҳаи кишоварзӣ соҳаҳои саноати сабук яке аз соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи мазкур ба марҳилаи нави рушду тараққиёт ворид шуд ва таҳаввулоти бузургро аз сар гузаронд. Аз ҷумла дар самтҳои нассоҷию кешбофӣ, қолинбофӣ, дӯзандагӣ, истеҳсоли матоъ, мебел, пашму пӯст ташаббусу иқдомҳои наҷиби ватандӯстона рӯи кор омада, дар баробари бунёди корхонаҳои нав корхонаҳои мавҷудаи муваққатан аз фаъолият бозмондаву иқтидори истеҳсолиашон камгардида дубора ба кор дароварда ё таҷдиду навсозӣ шуданд.

Таъкид шуд, ки афзалият ва бартарии соҳаҳоии саноати сабуки кишвар, пеш аз ҳама, ба фаровон ва дастрас будани захираи ашёи хом дар дохили кишвар, вобастагӣ надоштан ба воридоти ашёи хом аз хориҷа, таъсис ёфтани шумораи зиёди ҷойҳои нави кор, фароҳам омадани шароиту имконияти васеи бо маҳсулоти хушсифати воридотивазкунанда таъмин намудани аҳолӣ асоснок мешавад.Бартарии дигари соҳаи саноати сабук дар ҳарчи бештар ба шуғл фаро гирифтани қувваи қобили меҳнат аз ҳисоби бонувон мебошад. Имрӯз дар соҳаҳои кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ нақши дасти муъҷизаофари занону духтарон равшан ба назар мерасад. Рушди соҳаи саноати сабук ҳам имкон фароҳам меорад, ки чи дар шаҳру чи дар деҳот бонувони маҳаллӣ бо ҷои кори хубу аз ҷиҳати ҷисмонӣ начандон вазнин таъмин шаванд. Дар навбати худ ин омил барои паст шудани сатҳи камбизоатӣ ва баланд шудани сатҳу сифати зиндагии оилаҳо мусоидати бевосита хоҳад кард.

Дар ҷараёни конфронс ҳамзамон сармутахасиси раёсати саноати сабук ва пиллаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Толиб Мамадҷонов, профессори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Аскаралӣ Ишматов, профессори ДПДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Азизулло Авезов ва даигарон маърўзаҳои илмӣ намуданд.

Зикр гардид, ки ҳоло соҳаҳои саноати сабук бештар дар заминаи коркарди маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла пахта ва нахи он, пила, пашм, тараққӣ намуда, корхонаҳои бофандагию дӯзандагӣ асосан ашёи хоми ватаниро истифода мебаранд. Вале ин ҳаргиз маънои онро надорад, ки ҷуғрофияи саноати сабуки кишвар танҳо бо коркарди маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ маҳдуд мешавад.

Айни замон марҳила марҳила сарулибос, пойафзол, матоъ, қолину маҳсулоти қолинӣ дар бозор ҷои чунин маҳсулоти воридотиро ишғол намуда, қисман баъзе намуди онҳо ба хориҷа низ содирот шуда истодаанд. Ин омил, агар аз як тараф нишонаи рушди соҳаи саноати сабук ва саноати хӯрока бошад, аз ҷониби дигар гувоҳи ба стандартҳои ҷаҳонии сифат ҷавобгӯ ва ба рақобат тобовар будани маҳсулоти болозикр мебошад. Тибқи маълумотҳои оморӣ ҳоло маҳсулоти истеҳсоли саноати сабуки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари хориҷии наздику дур содирот карда мешавад.