Дар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ мулоқот бо донишҷӯёну устодони ин боргоҳи маърифат , баргузор гардид, ки ҳамзамон дар ин вохӯрӣ устодони Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон, омӯзгорони муасиссаҳои таълимии шаҳр, кормандони нозироти андоз ва сокинони маҳаллаҳои шаҳр ширкат варзиданд.
Мулоқотро Фирӯза Нуруллозода, муовин Раиси шаҳри Хуҷанд оғоз намуда, ҳадафи баргузории онро шарҳ дод.

Гулбаҳор Назирӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баромади худ доир ба нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии мамлакат, санадҳои меъёрию ҳуқуқиеро, ки мақоми олии қонунбарори мамлакат қабул кардааст, мавзӯъҳои вобаста ба сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, татбиқи сиёсати самараноки молиявӣ, ҷалби сармоягузориву рушди бемайлони соҳибкорӣ ва амалигардии ҳадафҳои стратегӣ, бакорандозии чархаи дуюми НБО «Роғун», аз ҷумла таъкид дошт, ки ислоҳоти иқтисодии тайи солҳои охир амалишуда ба беҳтар гардидани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ, аз ҷумла сармояи мустақим мусоидат карда истодааст. Ҳоло дар кишвар татбиқи 70 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 30 миллиард сомонӣ идома дорад. Дар 10 соли охир ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 33 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ворид гардидааст, ки қисми зиёди он ба рушди соҳаҳои энергетика, алоқа, сохтмон, истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданок ва бунёди инфрасохтор равона шудааст. Ҳоло дар кишвар барои беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ҳамаи намудҳои санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар асоси арзёбии хавфҳо ба роҳ монда шудаанд.

Гулбаҳор Назирӣ гуфт, ки аз ҷониби Пешвои миллат зимни ироаи Паёми навбатӣ таъкид шуд, ки «Мо соли ҷорӣ бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар давоми ду сол мораторий эълон намудем, ки аз он қариб 2000 субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бархурдор гардиданд. Барои тақвият бахшидан ба ин раванд, зарур мешуморам, ки солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда шаванд».

Зикр гардид, ки таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаҳои илму маориф мебошад. Аз ин рӯ, мо ба соҳаҳои илму маориф эътибори аввалиндараҷа дода, ислоҳотро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бомаром идома медиҳем ва мушкилоти мавҷударо давра ба давра бартараф мекунем. Мо, пеш аз ҳама, ба инкишофи зинаи таҳсилоти томактабӣ диққати ҷиддӣ дода, бояд шумораи муассисаҳои томактабиро бамаротиб зиёд намоем ва барои рушди қобилияти зеҳнии кӯдакон шароити мусоид фароҳам созем.

Гулбаҳор Назирӣ дар анҷоми суханронии худ гуфт, ки мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ мекунем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем.Имрӯз қисми асосии хизматчиёни ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз 23 ҳазор нафар бунёдкорони иншооти азими аср – нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” чил фоизашон ҷавонони то сисола мебошанд. Ҳукумати Тоҷикистон барои ҷавонон тавассути оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва омодасозии варзишгарони касбӣ аз ҳамаи имкониятҳо истифода мекунад. Танҳо соли 2017 дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба маблағи 175 миллион сомонӣ 300 иншооти соҳаи варзиш сохта, ба истифода супорида шуд. Имсол ин раванди созанда вусъати тоза пайдо карда, 230 иншооти навбунёди варзиш мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Шумораи умумии иншооти варзишии дар зарфи даҳ соли охир, яъне солҳои 2008-2018 ба истифода додашуда ба зиёда аз 9300 расидааст.Ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Сипас, Наим Маликисломӣ, раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд андешаҳои хешро доир ба дастовардҳои муҳими Истиқлолияти давлатӣ ва саҳми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди давлатдории миллӣ баён дошт.

Шуъбаи кор бо ВАО