30 июли соли равон бори нахуст вохӯрии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода бо вазири маорифи Федератсияи Россия Сергей Кравтсов, вазири маорифи халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шерзод Шерматов ва вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Қирғизистон Болотбек Купешев аз тариқи онлайн баргузор гардид.

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Имомзода дар маҷлисгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо ҳамтоёни худ аз Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон масоили татбиқи лоиҳаи таъмини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон бо мутахассисони педагогии Федератсияи Россия, ҳамкорӣ дар самти бунёди муассисаҳои таълимӣ дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон, омодасозии мутахассисони варзида ва табодули таҷрибаи омӯзгорон дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон баррасӣ карданд.

Зимни суханронӣ М. Имомзода аз ҳамкории муштараки ҷойдошта бо кишварҳои фавқуззикр изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид дошт, ки роҳандозии чунин мулоқотҳо барои табодули таҷриба ва ҳалли мушкилоти соҳа мусоидат хоҳад кард.

- Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоди синфҳои таълимашон бо забони русӣ беш аз 3150 адад буда, дар 5 мактаби олӣ аз рӯйи ихтисосҳои забон ва адабиёти рус мутахассис омода карда мешавад. Дар баробари ин, 160 маркази омӯзиши забони русӣ фаъол буда, талабот ба китобҳои дарсии забони русӣ зиёд мебошад. Соли равон Тоҷикистон барои ба таълим фаро гирифтани 54 нафар омӯзгори рус ба Ҳукумати ин кишвар дархост пешниҳод кардааст ва ба хотири вусъат бахшидани  омӯзиши забони русӣ мунтазам миёни муассисаҳои таълимӣ озмунҳо гузаронида мешаванд, – таъкид кард М. Имомзода.

Вазири маорифи Федератсияи Россия Сергей Кравтсов, вазири маорифи халқи Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон Шерзод Шерматов  ва вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Қирғизистон Болотбек Купешев ба сатҳи ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд доданд.

Зимни суҳбати вазирон қарор шуд, ки ҳар се моҳ чунин вохӯрӣ сурат гирифта, ҷиҳати ҳалли проблемаву мушкилоти ҷойдошта мубодилаи афкор сурат мегирад.

Ҳамчунин, пешниҳоди вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хусуси эълони озмуни беҳтарин мактабҳои русӣ дар давлатҳои иштирокчӣ ҳозирин хуш пазируфтанд ва тасмим гирифта шуд, ки василаи татбиқи он дар оянда коркард ва барои корбарӣ пешниҳод мегардад.

Дар охир М. Имомзода ҳамтоёни худро ба Анҷумани 6-уми омӯзгорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи октябр баргузор мегардад, даъват намуд.

Ёдовар мешавем, ки дар ҷараёни суҳбати онлайнӣ сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Камолзода, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ҷамшед Ҷӯразода, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Муъмин Шарифзода, директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Дилафрӯз Саидӣ, директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимзода ва сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода иштирок карданд.