Санаи 05.11.2019 ба ифтихори 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори донишкада озмуни “Беҳтарин донандагони Конститутсия” байни донишҷӯёни донишкада баргузор гардид. Дар озмун намояндагони факултетҳои донишкада дар ду даста – дастаи Ваҳдат ва Ватандӯст байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Аз ҷониби доварон оид ба ин санади таърихиву муқаддасест, ки тамоми муносибатҳои муҳимтарини ҷомеаро ба танзим медарорад, саволҳо дода шуд. Дастаҳо бо ҷавобҳои мушаххаси худ исбот намуданд, ки бояд ҳар як калима ва сатри Конститутсияро азизу муқаддас дониста, бо истифода аз он дар пойдории давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона, иҷтимоӣ ва соҳибистиқлоли Тоҷикистон  ҳиссагузор бошем. 

Бояд қайд намуд, ки аз тарафи доварон дастаҳо ба саволҳои додашуда дар мӯҳлати муқарраршудаи вақт ҷавоб дода, баҳогузорӣ гардиданд. Дар натиҷа ғолибият насиби дастаи Ваҳдат гардид. Ғолибон аз тарафи раёсати донишкада бо Ифтихорнома ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд. 

Донишҷӯён бори дигар эҳсос намуданд, ки вазифаи шаҳрвандии ҳар як сокини Тоҷикистон он аст, ки онро дақиқ биомӯзанд, эҳтиром намоянд ва аз он ифтихор бикунанд. Баргузор намудани чунин озмунҳо бо мақсади омӯзиши таърих ва аҳамияти ин китоби сарнавиштсоз ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллии донишҷӯён муассир аст.