Таъмини амнияти кишвар, сулҳу субот ва истиқлолият қарзи ҳар як фарди ҷомеа ба ҳисоб меравад. Мо хуб медонем, ки истиқлолият бо чӣ қадар ҷоннисорию ҷонфидоӣ ва қурбонӣ ба даст омадааст. Ва гузорем, ки бегонагон онро баосонӣ вайрону кишварро ноором созанд? На!  Рӯз то рӯз ҳувияти миллии мо рушд карда, арзишу қадри истиқлолро шинохта истодаем. Ба шарофати шуҷоату матонати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва меҳнати халқи ватандӯст мо имрӯз ба якчанд  дастовардҳои назаррас ноил гашта, шукргузор аз оромиву осудагии кишвар менамоем. Аммо баъзе нотавонбинон ва душманони хориҷӣ мардум ва хусусан ҷавонони моро гумроҳ карда, силоҳбадаст менамоянд ва ҳаёти онҳоро талху торик месозанд.

Мусаллам аст, ки инсони бемаърифат ва бесавод ба афкори тундгаро ва нораво тез гаравида мешавад. Бинобар ин, пеш аз ҳама маърифати ҷавонон ва ҳисси ватандӯстии онҳоро баланд бардоштан лозим аст. Омӯзиши дарсҳои ҷамъиятшиносӣ дар мактабу донишкадаҳои олӣ бояд масъалаи аввал бошад. Падару модарон дар ин боб бояд чуқур андеша намоянд ва фарзандони хешро доимо назорат кунанд ва нагузоранд, ки фарзандонашон бо афроди бегона ва ғайр ҳамсуҳбат шаванд.

Маълум аст, ки ҳизби наҳзати ислом ба дидаи мардум хок пошида, ба амалҳои нопоку ношоиста даст бизад, худро ҳизби поку пешрав номида, пайравонаш бераҳмиву бешафқатӣ ва хиёнат варзиданд. Инак, мардум дарк карданд, ки ҳизби наҳзати ислом бо парда мегашт ва чашми ҳақиқат кушода шуд ва нафрину надомат ба ин ҳизб менамоянд. Аммо ҳоло ҳам дар байни мардум ноаён баъзе нафарони ошӯбгар ва хиёнаткор  пинҳонӣ кор мебаранд ва мехоҳанд нияти нопоки худро амалӣ созанд. Моро зиракии сиёсӣ бояд ва қадами ин бадхоҳон ба Ватан нашояд. Он вақт мо ба ҳадафи хеш мерасем, агар муттафиқу аҳл бошем, танҳо бо ваҳдату сарҷамъӣ, саъю талоши ватандӯстона метавонем истиқлолияти Ватани маҳбубамонро ҳифз намоем, давлати соҳибихтиёрамонро  пешрафта гардонем ва ҳамаи нақшаву ҳадафҳои миллиамонро амалӣ намоем. Ба қавли Сарвари кишвар террористону экстремистон ватан, миллат, нангу номус надоранд. Ҳизби наҳзати ислом ҳаракатҳои террористию эктремистиро зоҳир намуд.  Бояд дар ҷавонон ҳисси худшиносиву худогоҳиро омӯзонем, ифтихори миллиро талқин намоем. Имрӯзҳо ба воситаи шабакаҳои интернет даъватҳои иғвоангез ва ҳарфҳои бардурӯғ низ баъзан паҳн мегарданд. Аз ин лиҳоз, бояд дар назар дошта бошем, ки душман дар камин нишаста, мақсади вайрон кардани осудагии мост. Пас биёед, муттаҳид шавем ва ҳушёриро аз даст надиҳем, маърифати хешро баланд бардорем, фарҳанги миллии худро ҳимоя намоем ва Ватанро обод бисозем.

 

Ш.Файзиева – омӯзгори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи ак М.Осимӣ