Донишҷӯёни гиромӣ!

Ҳамасола моҳи май – фасли гулшукуфтанҳо дар сар то сари кишвари азизамон   ҷавонони саодатманди диёр бо ифтихори бузургу шодмонӣ фаъолияти бурдборонаи хешро натиҷабардорӣ мекунанд. Ин нишонаи таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои рӯзафзуни давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати қишри ояндасоз мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ҷавононро дар ҷомеаи навини Тоҷикистон нерӯи азиму тавоно ва навовару ташаббускор унвон карда, зикр доштаанд: «“Ба Тоҷикистон пеш аз ҳама ҷавонони соҳибмаълумот, кордону ҳунарманд, мутахассиси соҳибкасби ба талаботи замона ҷавобгӯй заруранд. Ба ин кор танҳо бо воситаи ҷустуҷӯйҳои нави эҷодӣ, тарбиявӣ, илмӣ, ҳамчунин таҷрибаю маҳорати омӯзгорони эҷодкорро истифода бурдан, бо худомӯзӣ машғул шудан дар таълиму тарбияи шогирдон муваффақ шудан мумкин аст».  Бо дарки муҳиммияти илму фарҳанг ва ҷалби ҷавонон ба китобхонию донишандўзӣ ва рушди ҳамаҷонибаи мамлакат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи илм ва маорифро дар мадди аввал гузошта, барои тарбияи мутахассисони варзида чораҳои муассир меандешанд. Дар сатҳи давлат таъсиси квотаҳо ба ҷавонони дар минтақаҳои дурдаст мезиста, роҳандозии ҷоизаҳои махсуси ба номи Исмоили Сомонӣ, академик Султон Умаров ва “Дурахшандагон”, таҳти сарпарастӣ гирифтани озмуни китобхонӣ бо номи  “Фурӯғи субҳи доноӣ” далели амалишавии даҳҳо Барномаҳои давлатӣ мебошад.

Маҳз таваҷҷӯҳи хоссаи Сарвари давлат аст, ки шумораи муассисаҳои тахсилоти олии касбӣ ба 39 адад расида, дар он наздики 270 ҳазор донишҷӯ таҳсили илм мекунанд. Гузашта аз ин, беш аз 30 ҳазор нафар ҷавонони лаёқатманди Тоҷикистон аз ҳисоби давлат дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд. 72 мақомоти давлатии кор бо ҷавонон, беш аз 150 ташкилотҳои ҷамъиятии ҷавонон ва 63 марказҳои ҷавонон аз қайд гузашта, бо ҷавонон сару кор мегиранд ва ба ин қишри фаъоли ҷомеа хизмат мерасонанд.

Раёсати донишкада низ дар партави сиёсати ҷавонпарваронаи Роҳбари давлат ва дастуру нишондоҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароити хуби таҳсилу тарбияи донишҷӯён кӯшиш ба харҷ медиҳад. Баланд бардоштани нерӯи зеҳнии донишҷӯён, кашфу дастгирии  истеъдодҳои навовару ҳушманд, ғамхориҳои пайваста намудан ба ҷавонони ятиму камбизоат рисолаи аслии мо мебошад.

Боиси хушнудист, ки дар остонаи моҳвораи  ҷавонон донишҷӯёни фаъоли мо Манучеҳр Музаффаров, Саидиқбол Сангинов ва Шаҳзод Толиббоев таҳти роҳнамоии устодони худ Заррина Акрамова, Сардор  Ғуломнабиев ва Одилхӯҷа Солиев дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ мақомҳои ифтихории дуюм ва сеюмро ишғол намуданд.

Навиди хуш боз дар он аст, ки устоди кафедраи таъминоти барқ ва автоматика Илёсхӯҷа Исломов дар Донишгоҳи давлатии Чувашия ба номи И.Н. Улянови Федератсияи Россия рисолаи номзадиро ҳимоя намуд. Умуман дар давоми 4 соли охир  19 нафар устодони донишкада рисолаи номзадӣ ва доктории худро ҳимоя карданд, ки дастоварди хуб аст.

Дастаҳои футболболбозону бакскетболбозони донишкада ғолиби мутлақи мусоибқаи вилоятӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ гардид.

Тибқи фармоиши директори донишкада дар арафаи Рӯзи Президент 614 нафар донишҷӯён, аз он ҷумла:  тариқи квота(350 сомонӣ), буҷавӣ таҳсилкунанда (310 сомонӣ), ятимон (500 сомонӣ), маъюбон (500 сомонӣ) ва тарбиятгирандагони мактаб-интернат (500 сомонӣ) бо кӯмакпулии яквақтина мукофонида шуданд. Ҳамаи донишҷӯёни ятими кулл ва тарбиятгирандагони мактаб-интернат аз пардохти маблағи таҳсил озод карда шуда, эҳтиёҷмандон бо хобгоҳ тариқи ройгон таъмин ҳастанд.

Дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо боварии комил дорам, ки ҳар як ҷавони бонангу ор дастоварду арзишҳои миллиамонро ҳифз намуда, барои ободии диёр, содиқ мондан ба сиёсати маънавиасоси Пешвои муаззами миллат саъю талош меварзанд.

Ҷашни ҷавонӣ муборак!