Устодони гиромӣ, донишҷӯёни муҳтарам!

Имрӯз шукуҳу шаҳомат ва эътибори Рӯзи Дониш – оғози соли таҳсили нав бо икдоми шоиста ва маънавибунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле ва хеле боло рафт. Тавре ҳар яки Шумо шоҳид гардидед, чанд лаҳза қабл Сарвари давлат туфайли ширкат ва суханронӣ дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ғамхории падарона ва сарпарастии хешро ба соҳаи маориф ифода карданд.

Бояд тазаккур дод, ки маҳз пешниҳоди Сарвари давлатамон дар бораи самти асосӣ ва стратегии сиёсати давлат донистани соҳаи маориф боиси равнақи соҳа гардид. Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникиро вазифаи муҳимтарини арзёбӣ намуда, баён дошта буданд. «Пешрафти ҷомеа, тараққиёти илму техника ва технология тақозо мекунад, ки барои баланд бардоштани сатҳи касбият ҳам устодон ва ҳам шогирдон кӯшиш кунанд».

Имруз бошад, Пешвои муаззами миллат ба шарофати иштироку суханронӣ дар дарси умумиҷумҳуриявии сулҳ диққати масъулинро ба он равона намуданд, ки ҷавонон ба омӯзиши касбҳои нави мутобиқи талаби замон машғул гарданд ва мактаб ҷавобгӯи меъёрҳои имрузаи ҷаҳонӣ шавад. Сарвари давлатамон моро вазифадор мекунанд, ки ҳамқадами замон бошем, бояд насли ҷавонро дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ тарбия намуда, онҳоро бештар ба донишандӯзӣ, омӯзиши фанҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ ва илму техникаи муосир раҳнамоӣ намоем.

Бояд гуфт, ки Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсилро мо дар қайди таассуротҳои наҷиби ташрифи хотирмони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд истиқбол мегирем. Боиси хушбахтии мост, ки ҳар як сафари Сарвари давлат ба вилояти Суғд аз худ паёмадҳои неку хуб боқӣ мемонад. Мо инро дар сафари навбатиашон ба хуби эҳсос намудем, ки чи тавр мардум бо руҳбаландии бузург Пешвои муаззами миллатро истиқбол ва ҷараёни ободкориву созандагиҳо ба ин васила вусъат гирифтанд.

Мо дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Хуҷандро эҳсос менамоем. Ташрифи Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода зимни ифтитоҳи бинои нави озмоишгоҳи донишкада боиси руҳбаландии мо гардида, моро ба меҳнати садоқатмандона роҳнамоӣ мекунад. Рӯзи гузашта дар остонаи соли нави хониш мулоқотии самими Раиси вилоят  ва маросими ҷоизасупориҳо ба нафарони хизматнишондода доир гардид, ки устоди донишкадаи мо Одилхӯҷа Солиев ба гирифтани Ифтихорномаи Раиси вилоят сарфароз гардид.      

Пас аз чанд рӯз агрегати дуюми нерӯгоҳи барқии обии «Роғун», ки сарчашмаи нуру иқтидори истеҳсолии кишвар маҳсуб меёбад, мавриди истифода қарор мегирад  ва ин рӯйдоди  муҳим боиси боз ҳам дар атрофии Сарвари давлат муттаҳид шудани халқи азизи кишвар мегардад.

Иҷозат диҳед, ин рӯйдодҳои муҳимро ба кулли устодон ва донишҷӯён, хосса онҳое, ки имрӯз қадамҳои аввалини донишҷӯиро гузошта истодаанд, сидқан муборакбод гӯям. Боварии комил дорам, ки анъанаҳои хуби мактаби устоду шогирдро донишҷӯёни соли аввал муваффақона идома хоҳанд дод. Зеро дар қиёс ба солҳои пешин шумораи ғолибони олимпидадаи байналмилаливу ҷумҳурӣ аз ҳисоби донишҷӯёни соли аввал ба маротиб зиёд аст. Миёни шумо донишҷӯёне низ ҳастанд, ки бо холи баланд сазовори номи донишҷӯи гардидед. Ба Шумо – донишҷӯёни азиз аз ин минбари баланд гуфтаниам, ки дар интихоби касб ва донишкада хато накардед. Зеро Шумо давоми 4 сол аз устодони соҳибтахассус бо истифода аз шароити хуби таълимӣ донишатонро тақвият дода, ба хоҷагии халқи кишвар хизмати шоиста анҷом хоҳед дод.

Соли таҳсили наве, ки имрӯз оғозашро тантана мекунем, барои ҳар як узви ҷомеаи меҳнатии донишкада бояд соли татбиқи дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошад .

Барои ин бояд  танҳо таҳсили аълою интизоми намунавиро ба роҳ монем, ҳар як донишҷӯ  барои фатҳи қуллаҳои баланди дониш беш аз пеш ҷадал варзад.   

Бо зикри ин нуктаҳо изҳори умеду боварӣ менамоям, ки дар соли таҳсили нав барои боз ҳам афзунтар намудани комёбиҳо ва ба яке аз муассисаҳои беҳтарини таҳсилоти олии кишвар табдил додани Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон тамоми ҷидду ҷаҳдатонро равона менамоед.

Бо ҳамин орзу ва ниятҳои нек иҷозат фармоед, ҳар яки Шумо, дар шахси Шумо наздикону пайвандонатонро бо фаро расидани иди саид – Рӯзи дониш ва оғози соли таҳсили нав аз номи раёсат ва шахсан аз номи худам сидқан табрику таҳният гуфта дар кору таҳсил ва фаъолияти илмию омӯзгориатон равнақу барорҳо таманно намоям.

 Ҷашн муборак, дӯстони азиз!