Санаҳои 4-5 майи соли равон дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе, дар Донишгоҳи  молия ва иқтисоди Тоҷикистон Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар олимпиадаи мазкур донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд низ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Боиси ифтихори мост, ки донишҷӯи курси 4, ихтисоси 40.01.02тб Музафаров Манучеҳр бо 97 хол аз фанни технологияи иттилоотӣ сазовори  ҷойи дуюм, Сангинов Саидиқбол, донишҷӯи курси 3, ихтисоси 40.01.02ра аз фанни иқтисодиёт соҳиби ҷойи дуюм ва аз фанни математика донишҷӯи курси  3, ихтисоси 69.01.01тб Толиббоев Шаҳзод мақоми сеюмро касб намуд. Ғолибият дар олимпиада байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии тамоми ҷумҳурӣ бори дигар собит сохт, ки имрӯз донишкадаи мо яке аз беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар маҳсуб ёфта, сатҳу сифати дониши донишҷӯён дар дараҷаи зарурӣ қарор дорад.

Ба ғолибон дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид диплом ва медалҳои дараҷавӣ супорида шуд. Китоби тозанашри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон “Уфуқҳои Истиқлол” ба ҳамаи ғолибон туҳфа карда шуд.

Устодони донишкада Акрамова Заррина, Ғуломнабиев Сардор, Солиев Одилхӯҷа ва Иномов Беҳрӯз  барои омодагии ҳамаҷонибаи иштирокчиён кӯшиш намуданд. Ғолибон ва устодони онҳо барои дастгирии ҳамаҷониба миннатдории хешро ба директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз изҳор менамоянд.

Музафаров Манучеҳр, Сангинов Саидиқбол ва Толиббоев Шаҳзодро бо ғолибияте, ки обрӯю нуфузи донишкадаамонро боз ҳам баланд бардошт, аз номи кулли донишкада табрик менамоем. Бигзор номбардори донишкада гардида, дар раҳи илму дониш комгор гарданд.