Таҷрибаҳои мамлакатҳои пешрафта дар самти таълиму тарбия собит менамоянд, ки донишҷӯ наметавонад танҳо бо роҳи машғулияти назариявӣ донишашро афзун намояд. Роҳбарияти Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо назардошти ҳамин муносибат ва бо  мақсади баланд бардоштани сифати таълим мекӯшад, то пойгоҳи моддиву техникии донишкадаро мустаҳкам намуда, дар раванди машғулиятҳо аз марказҳои омӯзишгоҳу лабораторияҳо фаровон истифода баранд. Дар натиҷаи татбиқи лоиҳаҳо танҳо дар як соли охир ба донишкада дар ҳаҷми як миллиону 800 сомонӣ таҷҳизотҳои муосир ворид шуданд, ки ин бешубҳа барои баланд шудани сатҳ ва сифати дониш мусоидат мекунад.

Факултети муҳандисӣ- технологӣ аз ҷумлаи факултетҳои пешрафтаи донишкада маҳсуб мешавад, ки бо истифода аз технологияҳои муосир барои дар сатҳи талабот омӯзонидани донишҷӯён муваффақ гаштааст. Хоссатан, устодон ва шогирдони кафедраи дизайн ва меъморӣ бо навоварию баргузории ҳар гуна чорабиниҳои мақсаднок имрӯз дар донишкада ва берун аз он ном баровардаанд. Баргузории озмунҳои «Тоҷикистон-минтақаи туризм», «Об манбаи ҳаёт», «Армуғони соли навӣ», ҳамчунин иштироки фаъолонаи устодон ва донишҷӯён дар фестивал-озмунҳои атласу адрас, «Хандаи ҳусн», «Чакомаи гесӯ», «Маликаи наврӯзӣ», «Дастони тиллоӣ»  худ баёнгари он аст, ки ҳам устодон ва ҳам донишҷӯён шавқ ва дилгармии зиёд  ба касби интихобкардаи худ доранд.

Ташаббуси навбатии онҳо дар соли таърихии кишварамон шоистаи дастгирист. Бахшида ба эълон шудани соли 2017- Соли ҷавонон дар факултети муҳандисӣ‒ технологӣ  бо ташаббуси кафедра дизайн ва меъморӣ озмуни мусаввараи беҳтарин дар мавзӯъи “Ояндаи Тоҷикистон аз нигоҳи ҷавонон” доир гардид.  Дар озмун беш аз 50 нафар довталабон ширкат варзида, бо тасвиру манзараҳои дилошӯби худ хотири аҳли нишастро шод намуданд. Расмҳои кашидаи онҳо дорои мазмуни баланди фалсавӣ дошта, бинандаро ба ҷаҳони афсонавии кишвари биҳиштосои мо ворид месозад. Дар ҷамъбаст ҳайати ҳакамон, ки аз рассомони варзидаи вилоят иборат буданд, ғолибонро муайян намуданд. 

Ҷои  якумро  донишҷӯи курси  2 _ 69.01.01тб  Қурбонов Далер соҳибӣ кард. Зинаҳои баъдиро Заррина Маҳмудова донишҷӯи курси  3 _ 50.01.02 тб ва Машарипов Далер донишҷӯи курси  2 _ 69.01.01та ишғол намуданд.

 

Ба ғолибон дар вазъияти тантанавӣ диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.