Бо қарори Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода даври аввали фестивал-озмуни атласу адраси Суғд дар сар то сари вилоят ҷараён дорад.

Дар партави қарори мазкур дар толори ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ низ фестивал-озмуни атласу адраси Суғд бо иштироки меҳмонони олиқадр баргузор гардид.

Сараввал бо шукргузорӣ аз даврони истиқлол ва тараннуми ҳунарҳои миллӣ озмун аз ҷониби барандагон ҳусни ифтитоҳ ёфт.  

Фестивал озмун бо саҳначаи ҷолиби диққат оғоз гардид. Баъдан суруди “Гулдухтарони тоҷик” бо маҳорати баланд сароида шуда, табъи ҳозиринро болида намуд.

Рақси атлас аз ҷониби донишҷӯёни курси 1-уми донишкада дили ҳамагонро шод намуд.

Суруди “Атлас ба бар” низ аз ҷониби донишҷӯи курси 1-ум бо маҳорати баланди касбӣ сароида шуда, писанди ҳамагон гашт.

Дар фестивал  - озмуни атласу адраси Суғд дар 3 намуди номинатсия либосҳои миллӣ намоиш дода шуд – намоиши либосҳои рӯзмарра, намоиши либосҳои идона ва намоиши либосҳои арӯсӣ. Ҳамчунин либосҳои шинами кӯдакона низ намоиш дода шуд.

 

Дар озмун маҳсули меҳнати донишҷӯёни факултети муҳандисӣ – технологӣ, ихтисосҳои “Тарҳрезии маснуоти дӯзандагӣ” ва “Технологияи дӯхтани либос” намоиш дода шуд.

          Аъзоёни ҳакамон Дадобоева М – директори маркази таълимии шаҳри Хуҷанд, Ҳоҷибоева М. -  аъзои шӯрои бонувони шаҳри Хуҷанд, Расулова И. – мутахассиси шуъбаи кор бо оилаҳои ҷавон, Бобоева З – мудири шуъбаи кор бо занони шаҳрии ҲХДТ, Холматов Т. – муовини директор оид ба илм ва инноватсия ба иштирокчиёни озмун аз рӯи матоъ, тарзи ороиш, тарзи мӯд, элементи ороиши миллӣ баҳогузорӣ намуданд.

 

Ҳамин тавр, бо баҳогузории ҳакамон дар Фестивал-озмуни Суғд, ки даври аввали он дар донишкада баргузор гашт, чунин натиҷабардорӣ гардид:

Номинатсияи “Либосҳои рӯзмарра”:

Дипломи дараҷаи 1 – Сайдуллоева М, дипломи дараҷаи 2 – Қаюмова Н., дипломи дараҷаи 3 – Раҳмонова А.

 Номинатсияи “Беҳтарин либоси идона”:

Дипломи дараҷаи 1 – Ваҳобова Р, дипломи дараҷаи 2 – Бектурова С., дипломи дараҷаи 3 – Қодирова М.

 Номинатсияи “Беҳтарин либоси арӯсӣ”:

Дипломи дараҷаи 1 -  Бобоҷонова М., дипломи дараҷаи 2 – Шарипова, дипломи дараҷаи 3 – Толибова А.

 Ба ҳамаи ғолибон тӯҳфаҳо ва дипломҳо аз ҷониби директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз ва меҳмонони олиқадр супорида шуд.

Барои иштироки фаъолони дар озмуни мазкур якчанд нафар донишҷӯёни фаъоли факултети муҳандисӣ – технологӣ бо сипосномаи Раёсати донишкада сарфароз гардонида шуданд.

Дар ҷамъбасти озмун директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода  зикр намуданд, ки ин ҳама чорабинии бошукӯҳ бо ибтикор ва ташаббуси Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни эҳёи ҳунарҳои миллӣ баргузор гашта истодааст.

Бо ҳамин фестивал – озмуни атласу адраси Суғд бо шукӯҳу шаҳомати хосса дар ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ ҷамъбаст гардид.