Дар тӯйхонаи "Шукрона" -и Ҷамоати деҳоти Мастчоҳи ноҳияи Мастчоҳ мулоқоти таблиғотчиён бо сокинони ҷамоати мазкур баргузор гардид.
Раиси ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азиззода зимни ифтитоҳи ҷаласаи вобаста ва муаррифии меҳмонон доир ба аҳамияти бузурги Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаёти мардуми кишвар сухан гуфта, иброз дошт, ки шаҳрвандони мамлакат ҳар сол Паёми Пешвои миллатро бо умеду бовариҳои зиёд интизор мешаванд, ки нишонаи эътимоди бузург ба сиёсати хирадмандонаи Роҳбарияти олии ҳукумат ва фардои беҳтар аз дирӯз мебошад.
Маҳмадалӣ Ватанзода Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни маърузаи пурмуҳтавои худ оид ба муҳимтарин масоили нерӯбахше, ки дар Паёми Пешвои миллат дарҷ гардидаанд, ибрози назар карда, таъкид намуд, ки сиёсати хирдмандонаву пешбарандаи Сарвари давлат дар Паёми эшон ба таври комил таҷассум ёфтааст. Чуноне ки гуфта шуд, зиёд намудани музди маоши кормандони буҷавӣ, стипендия ва нафақа аз ҷумлаи ғамхориҳои ҳамешагии Президенти мамлакат мебошад.
Нурулло Оқилзода вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба пешрафти соҳаи маорифи мамлакат ва инъикоси мушаххасоти ин соҳа дар Паёми навбатии Пешвои миллат ибрози андеша намуд.
Дилафрӯз Саидӣ директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи устод Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ва ҳамчунин роҳбари гуруҳи тарғиботии ноҳияи Мастчоҳ доир ба вазифагузориҳои Паёми Президенти мамлакат назди мақомоти давлатӣ сухан гуфта, изҳор дошт, ки амалӣ намудани ҳамаи нуктаҳои Паём роҳи моро ба ояндаи беҳтару зебо наздиктар мекунад.
Назира Ғаффорӣ муовини раиси вилояти Суғд зимни баромади пурмуҳтаво Паёми навбатии Пешвои миллатро ҳуҷҷати муҳимтарини созандагию ободкорӣ ва қутбнамои рушди устувор донист.
Дар охири вохӯрӣ раиси ноҳия Ғайрат Азиззода доир ба тадобири Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ дар "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" маълумот дода, ба меҳмонон барои суҳбати муфиду хотирмон изҳори сипос намуд.