Гар сарӣ ёбад ба олам кас ба некӯшоирӣ,

Рӯдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ.

 Асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик, қофиласолори назм, устоди устодон маликушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо осори гаронбаҳои худ дар саросари ҷаҳон машҳур буда, ашъори ҳамвазни дурру гавҳарро боқӣ гузоштааст.

Ашъори  устод Рӯдакӣ саршор аз  панду ҳикмат буда, қариб тамоми ҷанбаҳои ҳаётро фарогир аст.

Омӯхтани илму дониш, хайру сахо, одобу тарбия, меҳру муҳаббат, зебогии табиат, васфи диёр аз зумраи ин баҳри бекаронанд.

Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,

Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор  ояд.

Ҳамасола 22 – сентябр дар саросари кишварамон Рӯзи Рӯдакӣ ботантана таҷлил карда мешавад.

Санаи 21 сентябри соли равон дар толори донишкадаи ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ низ бахшида ба Рӯзи Рудакӣ ҷамъомади бошукӯҳ доир гардид.

Маҳфили адабӣ бо доираи васеи устодон ва донишҷӯёни донишкада ва воситаи ахбори омма баргузор гардид. Дар толор намоиши асарҳои устод Рӯдакӣ ташкил карда шуд.

Чорабинӣ бо хондани шеърҳо аз ҷониби донишҷӯён оғоз гардид.

Баъдан омӯзгори кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ Файзиева Ш. оид ба осор ва рӯзгори Одамушшуаро суханронӣ намуданд.

Маърӯза доир ба фаъолияти адабии пири хирад аз ҷониби  омӯзгори кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ Нозирова М. қироат карда шуд. Зимни маърӯза қайд карда шуд, ки дар асари “Чеҳраҳои мондагор”-  и Пешвои миллат, муҳтарам Эмамалӣ Раҳмон Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ на танҳо ҳамчун сардафтари адабиёти классикии тоҷик, Одамушшуаро, қофиласолори назм, балки ҳамчун пири маънӣ, рамзи бедориву худшиносӣ, рамзи ҷовидонии адабиёт оварда шудааст.

Маърӯзаи мудири кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ, номзади илмҳои филологӣ Бобоева Т.Р таҳти унвони “Ҳазордастони шеъри Аҷам”  аз ҷониби ҳозирин хеле хуб пазируфта шуд.

Аз ҷониби донишҷӯён суруди “Бӯи ҷӯйи Мӯлиён” ва “Бихандад лола бар саҳро” бо маҳорати баланд сароида шуд.

Дар идомаи чорабинӣ навор оид ба ҳаёт ва фаъолияти устод, асарҳои ӯ намоиш дода шуд, ки устодону донишҷӯён як ҷаҳон маънӣ гирифтанд.

Пандҳои устоди назм аз ҷониби омӯзгор Файзиева Ш. хеле пурмазмун ва олӣ шарҳ дода шуд.

Бо ҳамин маҳфили адабӣ бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ дар сатҳи хеле баланд баргузор гардида, ҳусни анҷом ёфт.