Санаи 3- май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи чорабиниҳои моҳи ҷавонӣ, ки ба ифтихори Рўзи ҷавонон ҷараён дорад, бо устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ мулоқот намуд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода сараввал аз намоиши дастовардҳои илмиву истеҳсолии донишкада, ки дар он китобҳои таълифнамудаи олимони донишкада, либосҳои миллии маҳсули дасти тарроҳон, мусаввараҳо, макети биноҳо, лоиҳаҳо ва ихтирооти барномасозон ва энергетикон ба маърази тамошо гузошта шуда буд, боздид намуда, ба дастовардҳои илмӣ-истеҳсолии устодону донишҷӯёни ин муассиса баҳои баланд дод.

Дар ҷараёни мулоқот бо устодону донишҷӯёни Донишкадаи политехникии ДТТ Раиси вилоят аз таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маориф ва илм ёдовар шуда, иброз дошт, ки барои соҳиби ихтисос ва касбу ҳунар гардидани ҷавонон дар мамлакат шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шуда, муассисаҳои таҳсилоти олии ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳони муосир фаъолият мебаранд. Донишкадаи политехникии ДТТ аз ҷумлаи чунин муассисаҳои таҳсилоти олӣ буда, дорои пояи мустаҳками моддиву техникӣ мебошад ва донишҷӯёнро зарур аст, ки бо истифода аз шароитҳои мавҷуда бештар илмҳои техникиро омӯхта, забонҳои хориҷиро аз худ намоянд ва барои рушди мамлакат саҳми назарраси худро гузоранд.

Зимни мулоқот чанде аз донишҷӯён таклифу пешниҳодҳои худро ироа намуданд ва сохторҳои дахлдор ҷиҳати омӯзиши пешниҳодҳо вазифадор гардиданд.

 

Дар вазъияти тантанавӣ ба як қатор донишҷӯёни фаъол аз ҷониби Раиси вилоят мукофотпулиҳо тақдим карда шуд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ барномаи консертии донишҷӯёни донишкада пешниҳод гардида, либосҳои миллии минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон намоиш дода шуд.

Раиси вилоят инчунин бо гуруҳи донишҷӯён ва профессори Донишгоҳи аграрии Қазоқистон, ки дар доираи барномаи GIZ дар Донишкадаи политехникӣ қарор доранд, суҳбат намуда, аз онҳо даъват намуд, ки барои густариши ҳамкориҳо миёни донишгоҳҳои кишварҳои дӯст - Тоҷикистону Қазоқистон саҳмгузор бошанд.

 

(Маводи муфассал нашр мегардад).