Дар идомаи боздид аз муассисаҳои олии шаҳри Хуҷанд Раиси вилояти Суғд, Раиси Ситоди вилоятӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» Маъруф Муҳаммадзода аз яке аз тадрисгоҳҳои маъруфи кишвар-Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд боздид намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷараёни таълиму тадрис дар факултети информатика ва энергетикаи ин муассисаи олӣ шинос гардид. Маълум шуд, ки дар синфхонаҳо тамоми қоидаҳои беҳдоштӣ риоя шудааст ва тибқи тавсияҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарсҳо ҷараён дорад.
Раҷаббой Аҳмадзода ҳамчунин аз лабараторияи манбаъҳои барқароршавии энергия ошноӣ пайдо намуда, бо донишҷўён суҳбати озоду самимӣ намуд.
Зимни иштирок дар машғулияти назариявии барномасозони оянда Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз эҷоди барномаҳои ҷавобгў ба талаботи замони муосир дар донишкада тавсиф намуда, зикр дошт, ки маҳсули эҷоди устодону донишҷўёни ин муассисаи олӣ якчанд сол инҷониб дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат васеъ истифода мешавад. Аз барномасозони оянда даъват ба амал оварда шуд, ки мутобиқ ба талаботи ҷомеа, бахусус барои корхонаҳои саноатӣ ва муассисаҳои таълимӣ барномаҳо ихтироъ ва он дар истеҳсолот ба кор бурда шавад. Таъкид шуд, ки барои ин амал иқтидори зеҳнии устодону донишҷўёни донишкада мерасад, зеро ин муассисаи олӣ яке аз пешрафтатарин боргоҳи илму маърифат дар мамлакат арзёбӣ мегардад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмазода аз фаъолияти сехи нонпазии назди Парки технологии донишкада шиносоӣ пайдо намуд. Иттилоъ дода шуд, ки сехи нонпазӣ дар заминаи таҷҳизоти муосири истеҳсоли кишвари Олмон роҳандозӣ гардида, он бо маблағи 40 ҳазор доллари амрикоӣ тибқи барномаҳои лоиҳавии устодон вориди донишкада карда шудааст.
Донишҷўён дар маҳфилҳои ҳунаромўзӣ маҳорати нонпазиро дар ин ҷо омўхта анвои гуногуни маҳсулоти нониро дар сехи мазкур истеҳсол мекунанд. Дар баробари таъминоти устодону донишҷўёни донишгоҳҳо маҳсулоти ин сехи нопазӣ ба мағозаҳои шаҳр низ барои фурўш дастрас карда мешавад.
Раҷаббой Аҳмадзода ба маҳорати нонпазӣ ва анвои гуногуни маҳсулоти нонӣ аз ҷониби донишҷўён, бахусус писарон баҳои баланд дода, онро ибратомўз хонд. Таъкид шуд, ки ҷиҳати рушди чунин маҳфилҳои ҳунаромўзӣ тадбирҳо андешида шавад.