Таҳти чунин унвон конференсияи илмӣ-амалии вилоятӣ бо ташаббуси Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ баргузор гардид. Конференсия мазкур ба маросими ба истифода додани чархи аввали НОБ-и Роғун бахшида шуд.

Дар конференсия устодон ва донишҷӯёни фаъол, намояндагони Раёсати ҷавонон ва донишҷӯён аз ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, ДДҲБСТ, ДИСДДТТ, ДКМТ, ДПДТТ, Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ва Коллеҷи омӯзгорӣ, Раёсати ҷавонон  ширкат варзиданд.

Конференсияро муовини директори ДПДТТ оид ба илм Холматов Т.Ё ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳамагонро бо ҷашнҳои бузурги дар пешистода аз номи директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода табрик намуда, бо барномаи конференсия ва меҳмонони олиқадр шинос гардонд.

Сараввал маърузаи сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Суғд Каримов М. оид ба мавзӯи “Бунёди НОБ-и Роғун аз ибтикороти кори Пешвои миллат сарчашма мегирад” шунида шуд. Зимни маърузаи хеш Каримов М. қайд намуданд, ки дар ҳақиқат бунёди Роғун иншооти бузурги аср маҳсуб ёфта, аҳамияти таърихӣ дорад. Ҳамчунин қайд карда шуд, ки  Роғун ҳамагӣ 17 миллирад Квт қувваи барқ истеҳсол менамояд, ки аз НОБ-и Норак 1,5 баробар зиёд мебошад.

Баъдан Раиси олимони ҷавони вилояти Суғд Саидзода Ш. таҳти унвони “Роғун – заминаи амалигардонии ҳадафи стратегии кишвар” баромад намуда, оид ба бадастории истиқлолияти энергетикии кишвар суханронӣ намуд.

Номзади илмҳои таърих, дотсент, устоди ДПДТТ Ғозиева М. оид ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар омӯзиши фанни таърих баромад намуда, оид ба асарҳои Пешвои миллат маълумот доданд.

Раиси Раёсати ҷавонони ДПДТТ Масаидов Ҷамшед бо маърузаи “Роғун-равшангари имрӯзу фардо” баромад намуда, қайд намуд: “Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо қаҳрамонон ва фарзанди фарзонаи миллатамонро хубтару беҳтар шинохтем. Ҳоло шароит фароҳам овардааст, ки шеваи худшиносӣ дар ҷомеа торафт баланд мегардад. Вақте як миллат ба худшиносӣ мерасад, ин маънии онро дорад, ки он миллатро аҳли башар мешиносад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ҳамчун як давлати соҳибтамаддуну сулҳофар мешиносанд ва эътироф мекунанд. Имрӯз бошад, мо бо меҳнату заҳмати худ НОБ-и Роғунро бунёд намуда истода, чархи аввали онро ба истифода хоҳем дод.” Ҳакимов Н. – раиси волонтёрони вилояти Суғд ба мавзӯи “Конститутсия-бахтномаи миллат” баромад намуд.

Дар анҷоми конференсия ба ҷавонони фаъоли вилоят Сипоснома ва Ифтихорномаҳо бо туҳфаи хотиравӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд. Бо ҳамин кори конференсия бахшида ба фаоългардонии чархи аввали НОБ-и Роғун ҳусни анҷом ёфт.