Дар Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба инкишофи соҳаи хӯрокворӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти босифати ватанӣ аҳамияти махсус дода шудааст. Дар ин раванд зикр бояд дошт, ки тайёр кардани мутахассисони соҳаи хӯрокворӣ дар кишварамон асосан дар даврони соҳибистиқлолӣ роҳандозӣ гашта, дар гузашта ин гуна кадрҳо дар ҷумҳуриҳои ҳамсоя омода карда мешуданд.

 Дар вилояти Суғд, инчунин дар қаламрави ҷумҳурӣ сол аз сол миқдори корхонаҳои хурди истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ зиёд мегардад, аз он ҷумла корхонаи истеҳсоли равғани растанӣ ва маҳсулотҳои консервабарорӣ, ки ба онҳо технологҳои баландихтисос зарур мебошад

 Китобҳои дарсии “Назорати технохимиявии истеҳсоли равғани растанӣ ва коркарди он”, “Технологияи консервакунонии маҳсулоти растанипарварӣ”, ки аз ҷониби устоди кафедраи маҳсулоти хӯрока ва агротехнологияи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Маҳбуба Раҳимова навишта шуда, бо қарори мушовараи Вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чоп тавсия шуда буд, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ширкати полиграфии “Хуросон”-и шаҳри Хуҷанд нашр шуд.

Ин иқдом ва ташаббус боис шуда, ки устодон ва донишҷӯён аз он баҳраи беш бигиранд.

 Теъдоди ҳар ду китоб дар маҷмуъ 500 адад буда, она ба аксари муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷумҳурӣ, китобхонаҳои ҷумҳуриявиву вилоятӣ тақсим карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки Маҳбуба Раҳимова дар гузашта ходими намоёни давлатӣ буда, солҳои сол дар минтақаи ҷануби кишвар ва пойтахти кишварамон барои тарбияи маънавии ҷомеа хизмати бузурге анҷом дода, алҳол таҷрибаи андӯхтаи худро ба шогирдони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон масраф мекунад.