Дар таърихи 14 феврал дар партави Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, таҳти №АП – 1729 ва тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи иҷрокунандаи Раиси вилояти Суғд дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид. Дар нишасти матбуотӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Олимҷон Мирмуҳаммедов, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи Раиси вилоят ҳузур дошт.

Дар нишасти матбуотӣ сухан оид ба натиҷаҳои фаъолияти ҷомеаи меҳнатии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд  дар соли 2017 ва амалишавии нақшаҳои нав барои соли равон рафт.

Дар нишасти матбуотӣ хабарнигорони рӯзномаҳои вилоятии «Ҳақиқати Суғд» Тавҳида Ҷураева, «Согдийкя правда» Саидҷон Сулаймонов, «Суғд ҳақиқати» Ойдиной Сулаймонова, маҷаллаи «Паёми Суғд» Ҳалимҷон Ҳомидов, «Сухани халқ» Моҳира Раҳимзода, «Нилуфар» Робия Розиқова, «Тирози ҷаҳон» Монаднисо Рустамова, намояндагии нашрияҳои «Омӯзгор» Нӯъмон Раҷабзода, «Фараж» Алишер Охунов, оҷонсиҳои иттилоотии «Ховар» Самад Юсуфӣ, «Суғднюс» Мадина Почоева, хабарнигорони ТВ «Суғд» Шаҳодат Расулзода, ШТР «Азия» Афзал Босолиев, ШТР «СМ-1» Фарзона Шамсиева, ШТР «Диёр» Зебоҷон Қурбонова, намояндагии радиои «Садои Хуросон» дар вилоят Абдувосит Салимзода ва дигар кормандони васоити ахбори омма ҳузур доштанд.

 Муовинони директор, мудирони шуъбаҳо, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, масъулини пешбурди кори таълиму тарбия низ иштирокчиёни нишаст буданд.

Дар оғози нишасти матбуотӣ ролики видеоӣ доир ба фаъолияти яксолинаи донишкада намоиш дода шуд.

 Директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода дар идомаи кори нишаст бо натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти ин муассисаи олии касбӣ гузориши муфассал дод.  Аз ҷумла зикр гардид, ки ҷомеаи меҳнатии донишкада ҷиҳати татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва истиқболи сазовори ҷашнҳои мубораку муқаддаси миллӣ – 20- солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ ва 25 – умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон корро дар ҳама самтҳои фаъолият ривоҷу равнақи тоза бахшид. Самараи ҷаҳду талоши аҳлонаю ғайратмандонаи ҷомеаҳои меҳнатии донишкада аст, ки Донишкада рейтинги худро, ки байни 39 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронад, боз беҳтар карда, аз рӯйи ҷамъбасти соли 2017 ба панҷгонаи беҳтарин ворид шуд.

 Ҳамчунин Донишкада аз рӯйи рейтинги интегралии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон байни 35 Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯйи натиҷаҳои дохилшавии соли 2017 дар умум ба даҳгонаи беҳтарин ворид гаштааст.

Аз рӯйи нишондодҳои бали ҳадди аксар ҷои 4 ва ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ ҷои 6 гирифтааст.

 Дар охири соли 2017 донишкада ҳамчун муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва баъд аз муассисаи олии таълимӣ аз аттестатсияи давлатӣ бомуваффақият гузашта, барои пешбурди фаъолияти таълимӣ ба муҳлати 5 (панҷ) сол иҷозатнома гирифт. 

Донишкада дорои 22 гувоҳномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 50 шаҳодатномаи зеҳнӣ, 8 патенти берун аз ҷумҳуриро дар самти ихтироъ ва навоварӣ ба даст овардааст. Маҳз диду назари хосса, дастгирии олимони ҷавон дар самти навоварию ихтироъкорӣ буд, ки  се нафар устодони ҷавони донишкада-Илёсхӯҷа Исломов, Абдунабӣ Қосимов ва Парвиз Солиев дар озмунҳои “Беҳтарин лоиҳаи инновасионӣ” вилоят ва шаҳри Хуҷанд, “Барномасози беҳтарин” ҷойи аввалро ишғол намуданд.

Аз ҷониби Вазири маориф ва илми кишвар муҳтарам Саид Нуриддин Саид, ки ба донишкада ташриф оварда буданд, ба сатҳи пояи моддиву техникӣ баҳои баланд дода, барои боз ҳам хубтар ба роҳ мондани фаъолияти технопарки донишкада дастуру ҳидоятҳо доданд.

Бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои давлат ва Ҳукумат дар самти омодасозии мутахассисони касбӣ донишкада тавонист дар  се соли охир  дар доираи лоиҳаҳо ба маблағи 1833200,22 сомонӣ таҷҳизотҳо ворид кунад.

 Дар соли 2017 нақшаҳои таълимии нави дар донишкада таҳия гардидаи ҳамаи ихтисосҳои шакли таҳсили фосилавии зинаи бакалавриат, зинаи магистратура ва зинаи докторантура (PhD) аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуданд. Бо дарназардошти он ки нақшаҳои таълимии шакли таҳсили рӯзонаи зинаи бакалавриат соли 2016 таҳия ва тасдиқ шуда буданд, мундариҷаи таълими ҳамаи ихтисосҳои 3 зинаи таҳсилоти олии касбӣ дар донишкада пурра нав карда шуд. Шогирдони донишкада дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ва Ҷоми Академияи илмҳо бо гирифтани як ҷойи аввал, се ҷойи дуюм ва 1 ҷойи сеюм миёни муассисаҳои олии кишвар яке аз ҷойҳои ифтихориро соҳиб гардиданд.

Дар соли 2017 донишкадаро 918 нафар хатм карда, 831 нафар соҳиби дараҷаи бакалавр ва 87 нафар соҳиби дараҷаи магистр шуданд. Ба донишкада 1218 нафар қабул шуданд ва нақшаи қабул 99,7 % иҷро гардид.

Дар соли 2017 низ ярмаркаи «Интихоби мутахассисони арзанда” гузаронида шуда, дар бо ҷои кор таъминкунии хатмкунандагон нақши назаррас гузошт. Барои дарёфти мутахассисони арзанда зиёда аз 68 коргоҳу ширкатҳо, аз ҷумла, ширкатҳои сохтмонии «Тиниал», «Равзана пласт», «Старпласт», бонкҳои «Спитаменбонк», «Бонки Эсхата» «Бонки байналмилалӣ», «Имон Интернешнл», коргоҳҳои истеҳсолии «Дӯсти Амирхон», «Зода», «Яхмоси 33» «Ҷавонӣ», Ҷаъмияти саҳомии «Сорбон», «Барқи тоҷик», ширкати манбаҳои энергияи азнавбарқароршавӣ, ширкати таҷрибаи пешкадам дар бизнес ва молия дар ярмарка ширкат доштанд ва ба коргоҳҳои худ беҳтарин мутахассисони ҷавонро ба кор қабул карданд. 

Баъди суханронии муфассали Саидӣ Дилафрӯз Раббизода  байни ў ва хабарнигорон муколамаи хеле ҷолиб сурат гирифт.

Хабарнигорон Тавҳида Ҷӯраева, Афзал Босолиев, Моҳира Раҳимзода, Саидҷон Сулаймонов, Зебоҷон Қурбонова ва Ҳалимҷон Ҳомидов оид ба масъалаҳои таъсиси ихтисоси нав, мушкилоти ҷойдошта дар раванди таълим, тарбияи маънавии ҷавонон, робита бо коргоҳҳои кишвар ва бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагон, ҳолати пойгоҳҳои моддию техникӣ ва ҳамкорӣ бо ширкатҳои молистеҳсолкунанда ва робитаҳо бо дигар муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар самти ҷорикунии навовариҳо дар раванди таълим  пурсишҳо ба амал оварданд.

Аз ҷониби сарвари донишкада ба суолҳои матраҳшуда хеле возеҳ равшанӣ андохта шуда, бо мисолҳои мушаххас корҳои дар ин самт анҷомёфта шарҳу эзоҳ ёфтанд.

Бо ҳамин нишасти матбуотӣ анҷом ёфт.