Мутобиқ ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 15 сентябри соли 2011,  таҳти рақами АП – 1729, дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июли соли равон дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд нишасти матбуотӣ бо доираи васеи кормандони васоити ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ доир гардид.

Нахуст оид ба нишондиҳандаҳои асосии  фаъолияти Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба номи академик М. С. Осимӣ директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода маълумоти муфассал дод. Зикр шуд, ки ҷомеаи устодону шогирдони донишкада дар партави дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишу вазифагузориҳои Вазорати маориф ва илми кишвар фаъолияти худро барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳама зинаҳо таҳким бахшидани заминаҳои моддиву техникӣ ва таъмини самарабахши фаъолияти онҳо ташкилу сафарбар намуда, ба як қатор дастовардҳо соҳиб шуданд. Дар давраи ҳисоботӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави озмоишгоҳи иборат аз 9 лабораторияҳо барои ихтисосҳои технологияҳои нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти хӯрока, экологияи саноат ва истифодабарии оқилонаи захираҳои табиӣ, меъморӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки дар расми ифтитоҳи он муовини аввали сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини Вазири маориф ва илми кишвар Латофат Назирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ширкат варзиданд. Маврид ба зикр аст, ки дар умум дар донишкада 37 озмоишгоҳҳо фаъолият доранд, ки барои тақвияти дониши амалии донишҷӯён мусоидат мекунад.

Мусаллам аст, ки пешрафти фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба робитаи хориҷӣ ва иштирок дар лоиҳаҳои байналхалқӣ вобастагии калон дорад. Ҳоло донишкада бо ду барномаҳои Эрасмус+-и Иттиҳоди Аврупо (лоиҳаи “Таҳсилоти олӣ барои низоми озуқаворӣ ва стандартҳо дар Осиёи Марказӣ”), Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ – GIZ (лоиҳаи “Таҳсилоти касбӣ ва такмили ихтисос дар Осиёи Марказӣ”) ҳамкорӣ дошта, ҳамчунин робитаро бо Донишгоҳи технологии шаҳри Гуилини Ҷумҳурии Халқии Чин вусъат бахшидааст.  Дар доираи ин лоиҳаҳо ҳам устодон ва ҳам шогирдон дар пешрафтатарин муассисаҳои олии касбии кишварҳои Ҷумҳурии мардумии Чин, Латвия, Литвия, Полша, Қазоқистон, Қирғизистон табодули таҷриба намуданд.  Самараи ҳамкориҳо таҷҳизонидани лабораторияҳо бо муосиртарин ташхису таҷҳизотҳо ва ба фаъолият оғоз бахшидани коргоҳи нонпазӣ дар донишкада мебошад. Минбаъд устодони Донишгоҳи бонуфузи Гуилини Чин ба донишкадаи мо ташриф оварда, ба донишҷӯён дар омӯхтани забони чинӣ мусоидат мекунанд. Ҳамчунин дар назар аст, ки       устодони мо дар ин донишгоҳ табодули таҷриба менамоянд.

Дар гузориш ҳамчунин зикр шуд, ки дар ҳошияи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми  26 декабри соли 2018 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ироа гардид, дар донишкада аттестатсияи омӯзгорону кормандон гузаронида шуд. Ин тадбир барои баланд бардоштани масъулият ва салоҳияти устодону кормандон заминаи воқеӣ гузошт. 

Устодону донишҷӯёни донишкада дар озмунҳои байналмилалӣ ва олимпиадаҳо ширкати фаъолона дошта,  олими ҷавон Парвиз Солиев, сардори Маркази технологияи иттилоотии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар озмуни ҷумҳуриявии "Ихтироъкорон ва навоварони беҳтарини Тоҷикистон" тибқи баҳогузории ҳайати доварон аз рӯйи номинатсияи “Зиёдтарин миқдори навовариҳо ва санадҳои тасдиқкунанда оид ба татбиқи онҳо дар истеҳсолот” бо Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуд. Донишҷӯёни донишкада дар олимпиадаи байналхалқии технологӣ, ки дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон  доир гардид, дар ҳисоби даставӣ мақоми дуюмро касб намуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ устодон донишкада соҳиби 38 шаҳодатномаҳои зеҳнӣ гардиданд. Шаҳодатномаҳои зеҳнӣ асосан дар самти системаи иттилоотии идоракунӣ, таҳсилоти фосилавӣ, анкетаронӣ ба даст оварда шуд, ки он барои татбиқи ҳадафи ҳукумати электронӣ  заминаи мустаҳкам гузошт.

Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони кишвар дар соли 2019 зери унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ…» озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор шуда истодааст. Вобаста дар сатҳи баланд доир шудани ин чорабинӣ 21 нафар донишҷӯёни ғолибони факултетҳо дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ», аз рӯи номинатсияҳои аз ёд кардану хондани осори адибони классику муосир ва адабиёти ҷаҳон, қироати ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқӣ байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Ғолибон бо Ифтихорномаву тӯҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.

Дар соли 2019 низ ярмаркаи «Интихоби мутахассисони арзанда” гузаронида шуда, дар бо ҷои кор таъминкунии хатмкунандагон нақши назаррас гузошт. Барои дарёфти мутахассисони арзанда зиёда аз  70 коргоҳу ширкатҳо, аз ҷумла, ширкатҳои сохтмонии «Тиниал», «Равзана пласт», «Старпласт», бонкҳои «Спитаменбонк», «Бонки Эсхата» «Бонки байналмилалӣ», «Имон Интернешнл», коргоҳҳои истеҳсолии «Дӯсти Амирхон», «Зода», «Яхмоси 33», «Ҷавонӣ», Ҷаъмияти саҳомии «Сорбон», «Барқи тоҷик», ширкати манбаҳои энергияи азнавбарқароршавӣ, ширкати таҷрибаи пешқадам дар бизнес ва молия дар ярмарка ширкат доштанд. 9 филиали кафедраҳо дар назди корхонаву ташкилотҳо ва ширкатҳои «Тиниал», «Арванд», «АБАТ», «Эсхата», «Ҷавонӣ», “САТН”, “Шаҳрофар”, “АРЗ” ва Иттиҳодияи боғпарварии ба номи Мичурин амал мекунад, ки илмро ба амалия мепайвандад.

Давоми нимсолаи якум 250 мақолаҳо чоп гардидаанд, ки аз онҳо 98 мақола дар маҷаллаҳои аз тарафи КОА эътирофгардида, 76 мақола дар маҷмӯаҳои конференсияҳои байналмилалӣ чопшуда ва  94 мақола дар сатҳи маҷмӯаҳои ҷумҳуриявӣ, инчунин 6 монография чоп гардидаанд

Номбурда дар идомаи гузориш аз вазъи пояи моддиву техникӣ, раванди таълим, фаъолияти парки технологӣ,  робитаҳои байналмилалӣ, чараёни бундёкориву ободонӣ бахшида ба истиқболи 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ ба намояндагони васоити ахбори омма маълумот дод.

Афзал Босолиев, муҳаррири ширкати телевизион ва радиои “Азия”, Нӯъмони Раҷабзода, намояндаи нашрияи “Омӯзгор” дар вилояти Суғд, Қамари Аҳрор, намояндаи расонаи хабарии “Спутник”, Саидҷон Сулаймонов, намояндаи расонаи хабарии “Согднюс”, Суҳайлӣ Шарифов, муҳаррири телевизион ва радиои вилояти Суғд, Озод Мелибоев, намояндаи нашрияи “Маънавият”  дар бораи амалишавии лоиҳаҳои инноватсионии устодон ва донишҷӯён, ҷараёни қабул ба зинаи магистратура, аз аккредитсияи байналмилалӣ гузаштани донишкада, раванди ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дар риштаи техникӣ, вазъи фаъолияти Маркази таҳсилоти фосилавӣ ва минбаъд гузаронидани машғулиятҳо бо забони русӣ тариқи ин усули таълим, шароиту имконоти хобгоҳи донишкада, вазъи буду боши донишҷӯёни хориҷӣ, усули сиклии машғулиятҳо дар донишкада саволҳо дода, аз ҷониби директори донишкада посухҳои мушаххас гирифтанд.    

Дар фарҷоми кори нишаст директори донишкада ба нақши рӯзноманигорон дар инъикоси воқеияти рӯз баҳои баланд дода, зикр сохт, ки минбаъд низ ҷомеаи устодони донишкада мекӯшанд, то дар омода сохтани кадрҳои баландихтисоси соҳаҳои техникаву технология  саъю талош варзида, дар иҷрои яке аз ҳадафҳои асосӣ  – саноатикунонии босуръати мамлакат саҳм гузоранд.