14-15 июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Барои иштирок дар саммити Душанбе роҳбарони 11 кишвар – Руссия, Тоҷикистон, Чин, Эрон, Озорбойҷон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Туркия, Бангладеш ва Шри-Ланка тайи ду рӯз меҳмони Тоҷикистон гардиданд. Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) – ин анҷумани байналмилалии муттаҳидкунандаи давлатҳои қитъаи Осиё аст, ки ҳадафаш таҳкими ҳамкориҳо барои таъмини амнияту субот дар Осиё мебошад. 

Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) анҷумани байнидавлатӣ ва созмони минтақавиест, ки соли 1992 бо дастгирии СММ таъсис ёфтааст. Ба МҲТБО 27 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, Русия Чин, Эрон, Озорбойҷон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Миср ва ғ. шомил мебошанд.

Аъзои олии МҲТБО ин Саммити роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳо мебошад, ки дар чор сол як маротиба баргузор мегардад. Имсол ин анҷуман дар Душанбе рӯзҳои 14-15 июни соли ҷорӣ баргузор гардид. Мавзуи саммити Душанбе ин “Нигоҳи ягона ба амният ва рушд дар минтақа” буд. Дар кори ҳамоиш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони як қатор кишварҳои иштирокчӣ мулоқотҳо оид ба баррасии вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, баргузор карданд. Ҳамчунин Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар шаҳри Душанбе имкони мусоидеро барои баргузории вохурии дуҷонибаи сарони давлатҳои иштирокчӣ ва нозир фароҳам овард.

Мавриди зикр аст, ки бо талошҳои арзанда ва пешниҳоди ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳалли мушкилоти глобалии сайёра дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе якчанд маротиба макони баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалию минтақавӣ гардид. Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ доир кардани ҳамоиши навбатии сатҳи байналмилалӣ пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе идона ороста шуда, шиору овезаҳо бо матни истиқболи самимии сарони давлатҳои иштирокчӣ ва нозир, рамзи ҳамоиш дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр омода ва насб гардида буд. 

Аз тарафи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тамоми кӯчаву хиёбонҳои пойтахт гулрезу гулбез карда шуда, қабои тозаву идона ба бар карда буд. Гулу буттаҳои зебои ороишӣ, фаввораҳо ва чароғҳои ранга ба симои шаҳр ҳусни тозае бахшида буданд, ки аз тарафи меҳмонон хуб пазируфта шуд. Имрӯзҳо аҳли сайёра ба шаҳри Душанбе макони асосии баргузории Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё таваҷҷуҳ доранд ва онро аз суханварии сарони давлатҳо ва дигар иштирокчиёни саммит бо воситаи ахбори омма дидан кардем.

Миллати тамаддунофари тоҷик бори дигар бо расму оини қадимаи меҳмоннавозии анъанавӣ меҳмонони ҳамоишро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Саммити Душанбе идомаи талошҳои давлатҳои аъзои МҲТБО, ки аз соли 2002, аз рӯзи баргузории аввалин Саммит ба харҷ дода истодаанд, мебошад. Дар ин нишаст ҳайатҳои баландпоя қабули эъломияи фарогири тамоми масоили ҳамкорӣ дар доираи МҲТБО ҷамъ омаданд ва онро пазируфтанд.

Саммити мазкур ҳамчунин барои муҳокима ва ҳалли мушкилоти мавҷуда ва бавуҷудоянда дар Осиё, инчунин барои пешбурди ташаббусҳо ва дарёфти механизмҳои самаранок дар сатҳи баланд майдони муфид буд.

Ёдовар мешавем, ки сентябри соли 2018 дар ҳошияи Иҷлоси 73-юми Маҷмаи Умумии СММ ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии МҲТБО баргузор гардид, ки дар он раёсат дар Машварат барои солҳои 2018-2020 аз Чин ба Тоҷикистон гузашт. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои аъзои МҲТБО на танҳо дар сатҳи сиёсӣ, балки дар дигар сатҳҳо низ бо мақсади ҳамгироии минтақавии батадриҷ ҳамдигарфаҳмии умумӣ дорад.

Бо дарназардошти иштироки давлатҳои аъзо дар сатҳи олӣ, аз ҷумла муносибатҳои дӯстона ва боэътимоди байни онҳо, Тоҷикистон аз Саммит натиҷаҳои хуб, ки барои иҷрои муваффақонаи уҳдадориҳои умумӣ дар доираи МҲТБО давоми ду соли раёсати Тоҷикистон роҳнамо гардиданд.

Саммит барои расидан ба ҳадафҳои нав ва дарёфти роҳҳои ҳалли масоили мавҷуда ва бавуҷудояндаи мавриди таваҷҷуҳи дастаҷамъонаи давлатҳои аъзо, пешбурди минбаъдаи раванди МҲТБО, идомаи татбиқи тадбирҳои боварӣ ва табдил додани Осиё ба минтақаи дорои сулҳу субот ва шукуфоии устувор дар асоси муколамаи фарогир ва амиқ таккони сиёсӣ бахшид. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ тазаккур доданд, «Осиё хонаи умумии мост. Ҳамаи мо хоҳони онем, ки дар хонаи умумии мо сулҳу субот ҳукмфармо бошаду тафовути сатҳи рушди иқтисодиро ҳаракат бар сӯи пешрафти умумӣ ба тартиб дарорад».

Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсат дар МҲТБО-ро дар лаҳзаи барои Осиё муҳим бар уҳда гирифт: минтақаи васеъ, ки дар он сарнавиштҳои таърихии халқу давлатҳо зич пайвастаанд, дар манзари чолишҳои нав рушди боварибахши иқтисодӣ ва саъю кӯшиш баҳри тараққию пешрафти устувори муштаракро нишон дод.

Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, халқҳои Осиё, ки бо таърихи ғанитарини умумӣ ва гуногунии фарҳангҳои ба худ хос байни худ алоқаи канданашаванда доранд, пурра дарк менамоянд, ки роҳи сӯи сулҳу шукуфоӣ аз фароҳам овардани муҳити бехатару суботе мегузарад, ки онро дар масоҳати васеи байни се уқёнус фақат бо саъю кӯшишҳои якҷоя метавон таъмин кард. Бояд гуфт, ки МҲТБО барои мубодилаи васеъ ва ошкорои афкор оид ба роҳҳои таҳкими ҳамкории амалӣ бо мақсади таъмини сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмӣ майдони муҳим буд. «Мо бояд иқтидори Машваратамонро пурра истифода намоем, то ки дар заминаи муколамаи васеъ, саъю кӯшиши умумӣ баҳри рушди устувори иқтисодӣ ва амнияти муштарак ҷомеаи босуботу шукуфони халқҳои Осиёро барпо намоем. Вақт ва саъю кӯшишҳое, ки барои расидан ба ин мақсади олӣ лозиманд, набояд моро ба изтироб оранд», — зикр намуда буданд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Саммити МҲТБО.

Барои иштирок дар кори ҳамоиши мазкур сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои узв, аз қабили Тоҷикистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Баҳрайн, Бангладеш, Ветнам, Миср, Исроил, Ҳиндустон, Урдун,  Ироқ, Эрон, Қазоқистон, Қатар, Камбоҷа, Чин, Корея,  Қирғизистон, Муғулистон, Аморатҳои Муттаҳидаи Арабӣ, Покистон, Фаластин, Россия, Таиланд, Туркия, Ӯзбекистон, Шри-Ланка ва кишварҳои нозир, аз ҷумла Беларус, Индонезия, Филиппин, Малайзия, Украина, Америка, Япония, роҳбарон ва намояндагони ташкилотҳои байналамилалии нозир, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Созмони байналмилалии муҳоҷират, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Анҷумани парламентии кишварҳои туркзабон, созмони шарик — Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва меҳмони ҳамоиш — Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Тоҷикистон ҷамъ омада буданд.

Ҷараёни кори Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистонро 650 нафар намояндагони ВАО-и дохил ва хориҷ,  рӯзномаву маҷаллаҳо, радио, телевизион ва бунгоҳҳои хабарӣ аз кишварҳои Тоҷикистон, ИМА,Чин, Канада, Баҳрайн, АМА, Афғонистон, Эрон, Камбоҷа, Туркия, Ҳиндустон, Беларус, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Ветнам, Покистон, Бангладеш, Лубнон, Шри-Ланка, Қирғизистон, Русия, Ироқ Иттиҳоди Аврупо ва ғайра инъикос намуданд.

дар таҳияи Ҳ.Ҳофизов., 

     омӯзгори фанни мудофиаи шаҳрвандии

   ДПДТТХ  ба номи М.Осимӣ