Дар доираи таҷлили Наврӯзи ҷумҳуриявӣ, ки дар шаҳри Панҷакенти бостонӣ сурат гирифт, гурӯҳи меҳмонон аз вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон вориди Хуҷандшаҳр гардида, аз дастовардҳои меҳнатии сокинони ин шаҳри қадима ва ҷойҳои таърихии он дидан намуданд.

Субҳи рӯзи 28 март ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд, доктори илмҳои техникӣ, профессор муҳтарам Рустам Холмуродов ва мудири кафедаи забон ва адабиёти тоҷики ҳамин донишгоҳ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҷумъа Ҳамроҳ  бо мақсади ошноӣ аз ҷараёни таълим, вазъи пояи моддиву техники Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба донишкада ташриф оварданд. Меҳмононро  директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода, роҳбарони воҳидҳои сохтории донишкада ва донишҷӯён бо нону намак ва гулу гулдаста ва бо қироати шеър дар васфи дӯстӣ пешвоз гирифтанд.

Ҳайати меҳмонон аз лабораторияҳои кафедраи  таъмини барқ ва автоматика, стансияи таъмири автомобилӣ, майдончаи варзишии футбол, китобхона дида намуда, ба шароити таълиму тарбия баҳои баланд доданд. Ба меҳмонон махсусан раванди сиклии таълим, корбарӣ тариқи системаи иттилоотии донишкада ва фаъолияти Марказҳои  таҳсилоти фосилавӣ ва мартаба писанд афтод.

Зикр шуд, ки минбаъд робита дар ҳама самт густариш меёбад. Сарвари Донишгоҳи давлатии Самарқанд аз директори донишкада даъват ба амал овард, ки ба ин муассисаи бонуфузи илмии Ҷумҳурии Ӯзбекистон меҳмон шаванд ва барои  густариши ҳамкориҳо оғози расмӣ бахшида шавад.

Даъват бо хушнудӣ қабул гардид.