Соли дуюм аст, ки бо иқдоми Раёсати Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи «Сифати таълим дар мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» конференсияи илмӣ- амалӣ доир мегардад.

Дар кори конференсия муовинони сарварони як қатор мактабҳои олии вилоят, олимону донишҷӯён ширкат доштанд.

Конференсияро муовини директори донишкада оид ба таълим номзади илмҳои физика ва математика Хуршед Мақсудов ҳусни ифтитоҳ бахшида, салому паёми директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизодаро ба ҳозирин расонид. Номбурда дар баромадаш  аз ҷумла қайд намуд, ки ҳадаф аз баргузори конференсияи имрӯза баланд бардоштани сифати таълим бо истифода аз таҷрибаю малака ва маҳорати корбарии устодону навовару навҷӯ дар такя аз технологияи муосири таълим мебошад. Конференсия дар партави Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Маҷлиси Тоҷикистон рӯи кор омадааст. Дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат махсусан қайд намуданд, ки  “Мувофиқи назарсанҷие, ки созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ доир ба кишварҳои рӯ ба инкишоф анҷом додаанд, соли 2017 Тоҷикистон аз рӯи 4 нишондиҳанда: дастрасӣ ба таҳсилот, сифати таҳсилот, сармояи инсонӣ ва қобилияти рақобати он дар миёни 101 давлати ҷаҳон ҷойи 54-умро соҳиб шудааст. Аз рӯи ин таҳлил Тоҷикистон дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол менамояд.” Барои ноил шудан ба ин дастовард хизмати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳуриии Тоҷикистон ва ҳамаи муассисаҳои таълимии кишварамон бузург аст. Пешвои муаззами миллат боз қайд намуданд, ки “Албатта, ин дастоварди хуб аст, аммо мо набояд бо ин нишондиҳанда қонеъ шуда, таваҷҷуҳро ба ин соҳаи ҳаётан муҳим кам намоем. Баръакс, моро зарур аст, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар диҳем, сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар кунем, барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода карда, заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимиро таҳким бахшем ва самарабахшии фаъолияти онҳоро таъмин намоем. Зеро сифати омодасозии мутахассисони оянда аз бо стандартҳои ҷаҳонӣ наздик сохтани нишондиҳандаҳои таъмини сифат дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, густариш додани ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ бо субъектҳои бозори меҳнат, беҳтар гардонидани дараҷаи рушди низоми инноватсияи миллӣ ва нишондиҳандаҳои азхудкунии технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиони вобастагӣ дошта, имкон медиҳад, ки мо дар соҳаи маориф ба натиҷаҳои боз ҳам бештар ноил гардем».

Хуршед Худойбердиев, мудири кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотии донишкада дар мавзӯи «Равандҳои ташвиқот ва таблиғот барои ҳавасмандгардонии довталабон» баромад намуда, таъкид дошт, ки муаррифии шоистаи муассисаи олӣ тавассути воситаҳои таблиғотӣ амсоли телевизион, радио, расонаҳои чопӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳамчунин робитаи мустаҳкам бо хатмкунандагоне, ки дар пешрафтатарин муассисаю ташкилотҳо кор мекунанд, имкон медиҳад то сафи довталабон ба ин ё он муассисаи олӣ зиёд шавад. Донишкада маҳз аз усули чунин корбарӣ истифода мебарад ва то ҷое муваффақ ҳам гардидааст. Соли гузашта нақшаи қабули довталабон тариқи Маркази миллии тестӣ пурра иҷро гардид. Дар ҷодаи ба истолоҳ «бренд»- и донишкада саҳми Маркази мартаба калон аст. Зеро баргузории ярмаркаи «Интихоби мутахассиси арзанда» имкон фароҳам овард, ки хатмкунандагон бо кори хуби муздаш баланд таъмин гарданд ва ин ба мутахассисони оянда таъсири ногузир гузошт. 

Дилрабо Комилова, мудири кафедраи маҳсулоти хӯрока ва агротехнология дар мавзӯи «Нақшаи кори тадқиқотӣ дар баландбардори сифати таълим» гузориш дода, афзуд ки дар донишкада сол аз сол сифати қабул беҳтар шуда истодааст. Акнун донишгоҳу донишкадаҳоро зарур аст, ки мутобиқи дархосту умеди донишҷӯёни нав сатҳи таълимро баланд бардошта, сифати онро беҳтар кунанд ва тарзи дарсгузарониву имтиҳонгириро ба қобилияти аксари донишҷӯён мутобиқ кунанд, то ин ки сифати таҳсил беҳтар шавад. Ин тадбирҳо имконият медиҳад, ки сифати хатм беҳтар шавад ва онҳо ба талаботи бозори меҳнат мутобиқ шаванд. Дар кафедраи маҳсулоти хӯрока ва агротехнология барои баланд бардоштани самаранокии сифати таълим аз беҳтарин усулҳои таълимӣ корбурд мекунанд. Дар доираи лоиҳаҳои “Таҳсилоти олӣ барои низоми озуқаворӣ ва стандартҳо дар Осиёи Марказӣ” ва “Таҳсилоти касбӣ дар Осиёи Марказӣ” –и Иттиҳоди Аврупо ҳам устодон ва ҳам донишҷӯён дар пешрафтарин муассисаҳои таҳсилоти олии Қирғизистон, Қазоқистон ва Латвия таҷрибаи ғанӣ андӯхтанд.

Яке аз муҳимтарин масъалаҳое, ки дар Паёми имсола ба он таъкиди ҷиддӣ гаштааст, зарурати таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат ва пешгирии қатъии воридот ва фурўши маҳсулоти барои мардум зараррасон мебошад. Ин дастурҳои ғамхоронаи Пешвои миллат дар ҳаққи аҳолӣ аллакай татбиқи худро ёфта истода, раванди назорати қатъӣ ва танзими меъёрии бозори воридот ва фурўши маҳсулти истеъмолӣ оғоз гаштааст. Фикр мекунам дар самти истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ҳамкории ширкатҳои истеҳсолӣ бо донишкадаи мо бар фоидаи кори онҳо аст. Зеро он озмоишгоҳо, лабораторияҳои сенсории донишкада имкон фароҳам меорад, ки молики мол ба аҳолӣ маҳсулоти баландсифатро пешкаш намояд. Сулҳия Баҳодурова, мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ  ва идора зимни маърӯзаи хеш гуфт, ки барои беҳтар намудани сифати таълим дар сатҳи Ҳукумати Ҷумҳурӣ чораву тадбирҳои муассир меандешад. Яке аз ҳадафҳои асосии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз тарбияи кадрҳои баландихтисос ва тарбияи ҷавонони эҷодкору навовар мебошад.

Заррина Акрамова, сардори шуъбаи идораи сифат ва банақшагирии стратегӣ оиди мавзӯи «Ҷорикунии элементҳои низоми идораи сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (дар мисоли ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд)» гузориш дода, зикр намуд, ки барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия моро зарур аст, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот, бахусус, дар зинаи таҳсилоти касбӣ, на ба шумора, балки ба сифати он диққати ҷиддӣ дода, мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосирро тарбия намоем. Яке аз ҳадафҳои стратегии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ идоракунии самараноки равандҳо, коркард, ҷорикунӣ ва мукаммалгардонии низоми идораи сифат (НИС) мувофиқи талаботҳои стандарти миллии  ИСО 9001- 2008,, стандарти байналхалқии ISO 9001:2015, стандартҳо ва директивҳо  ENQA, Фонди аврупоии кафолати сифат e-learning (EFQUEL) мебошад.

Хуршед Мақсудов зимни маърӯзаи худ дар мавзӯи  «Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз талабот ба фан то талабот ба хатмкунандагон» қайд кард, ки таҳсилоти муҳандисӣ аз донишҷӯ талаб мекунад, ки на танҳо ҳаҷми муайяни донишро азхуд кунад, балки малакаи корфармоии ин донишро дар амал соҳиб шавад.

Дигар хусусияти фарқкунанда ин тез – тез навшавии мазмуну мундариҷаи фанҳои тахассусӣ вобаста ба рушди соҳа мебошад.  Дар шароти имрӯза бозори талаботи меҳнат хатмкунанда бояд пеш аз ҳама мутахассиси соҳаи худ бошад, дониши зарурии иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ дошта бошад, забонҳои хориҷиро донад, принсипҳои гузаронидани корҳои илмӣ – тадқиқотӣ ва конструкториро донад, ба дониш оид ба принсипҳои тиҷораткунонии натиҷаҳо соҳиб бошад, малакаи ҳалли масъалаҳои ғайристандартӣ ва қабули чунин қарорҳо дошта бошад.

 Бо ҳамин қисми аввали конференсия анҷом ёфта, дар қисмати дуюми конференсия муаллифони мақолаҳои илмӣ дар ҷаласаи планерӣ навиштаҳои худро асоснок карданд.