Дар партави Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 таҳти №АП – 1729 ва тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Раиси вилояти Суғд бо иштироки беш аз 18 намояндагони васоити ахбори оммаи дохилӣ ва хориҷӣ санаи 11 феврал нишасти матбуотии директори ДПДДТ дар шаҳри Хуҷанд Саидӣ Дилафрӯз Раббизода доир гардид. Мавсуф доир ба фаъолияти донишкада дар соли 2018 назди ҳозирин гузориш дода, таъкид дошт, ки ташрифи Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид ва дастуру ҳидоятҳои  Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода барои баланд гардидани   вазъи таълиму тарбия мусоидат намуд. Маврид ба зикр аст, ки шурӯъ аз соли нави таҳсил дар доираи лоиҳаи “Таҳсилоти олӣ барои низоми озуқаворӣ ва стандартҳо дар Осиёи Марказӣ” – и барномаи Erasmus+ 11 нафар устодон аз давлатҳои Латвия, Литва ва Полша барои донишҷӯёни донишкада, ки дар ихтисоси технологияи маҳсулоти хӯрока ва агротехнологияи таҳсил доранд, дарс мегӯянд. Ҳамчунин намояндагони Донишгоҳи технологии Гуйилини Ҷумҳурии мардумии Чин ба донишкада ташриф оварда, аз ҷараёни таълиму тарбия, пояи моддиву техникӣ наздиктар шиносоӣ пайдо намуданд. Меҳмонон ба шароити таълиму тарбия, истифодаи технологияи муосир дар раванди таълим баҳои баланд дода, изҳори боварӣ  намуданд, ки робитаи мустаҳками ду муассисаи олӣ барои боз ҳам баланд шудани мавқеъ ва мақоми донишкада мусоидат мекунад.  Дар назар аст, ки донишкада бо Донишгоҳи технологии Гуйилини Ҷумҳурии мардумии  Чин  се самт шартнома -  ташкили факултети муҳити зист дар донишкада, ташкили лабораторияҳо, таҳсил ва таҷрибаомӯзии донишҷӯён, ивази таҷрибаи устодон ба таври муштарак мебандад. Рӯзҳои наздик се устоди донишкада барои таҷрибаомӯзӣ ба ин донишгоҳ мераванд.

Номбурда аз вазъи пояи моддиву техникӣ, густариши равобити хориҷӣ, сохтмони бинои нави лабораторӣ, таъмиру тармими хобгоҳ, бинои маркази бақайдгирӣ, кор бо хатмкунандагон, ғолибият дар олимпиадаву озмуни Ҷоми Академияи илмҳо ва  «Enactus» сухан ронд.

Сипас рӯзноманигорон Ҷовиди Аштӣ, намояндаи расмии нашрияи «Ҷумҳурият» дар вилояти Суғд,  Заррина Ҳоҷихалилова аз нашрияи «Согдийская правда», Робия Розиқова, намояндаи нашрияи «Нилуфар», Уғулой Раҷабова, телевизиони «Ҳафт ситора», Афзал Босолиев, намояндаи телевизиони «Азия» вобаста ба омодасозии мутахассисони соҳаи сохтмон ва меъморӣ, равобит бо муассисаҳои олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, имтиёз барои устодону донишҷӯён, чорабиниҳо ба ифтихори Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, омода кардани сомонаи махсуси сайёҳӣ бо се забон, бо ҷои кор таъмин гардидани хатмкунандагон саволҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.

Директори донишкада дар фарҷоми нишасти матбуотӣ аз нақшаҳои минбаъдаи ҷомеаи меҳнатии донишкада ҳозиринро ошно намуда,  барои ҳамкории мутақобила ба рӯзноманигорон изҳори сипос намуда, дар ҷодаи қаламфарсоӣ ба онҳо барор хост.