Тайи ду рӯз  дар асоси дастуру нишондодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии шаҳри Хуҷанд семинари омӯзишӣ оид ба аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштани муассисаҳои таҳсилоти олӣ доир шуда истодааст.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқшавӣ ба стандартҳои ҷаҳонӣ санаи 29 июни соли равон дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд  рӯзи дуюми семинари омӯзишӣ оид ба аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштани муассисаҳои таҳсилоти олӣ баргузор гардид. Дар семинари омӯзишӣ намояндагони беш аз 30 муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Сараввал директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода ташрифи меҳмонони олиқадрро ба донишкадаи хайрамақдам гуфтанд. Ва қайд намуданд, ки “Тадбири мазкур барои ивази таҷриба, андӯхтани ҷанбаҳои пешрафти таълиму тарбия, самаранок истифода бурдани озмоишгоҳҳои таълимӣ мусоидат хоҳад кард. Итминони комил дорам, ки семинарии мазкур, ки имрӯз дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон баргузор мегардад, дар амалишавии дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат заминаи мусоид мегузорад.  Ва мо аз таҷрибаву малака ва маслиҳатҳои манфиатбахши Шумоён устодони гиромиқадр истифода бурда, барои фаъолияти минбаъда онро чун дастури раҳнамоӣ истифода мебарем.”

 Баъдан дотсенти Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Сангинов Аъзам дар мавзӯи “Аккредитатсияи байналмиллалӣ - омили асосии интегратсия дар бозори ҷаҳонии хизматрасонии таълимӣ” баромад намуд. Зимни маърузаи худ оид ба аккредитатсияи байналмималлӣ, актуалнокӣ ва зарурияти он дар фаъолияти имрӯзаи муассисаҳои таҳсилотии олии кишвар, механизми таъминоти сифат суханронӣ намуд. Ҳамзамон оид ба раванди гузаштани аккредитатсияи давлатӣ, мавҷудияти он дар кишварҳои дигар маълумот дод. Баъди анҷоми маъруза саволу ҷавоби мутаххасисисон оид ба мавзуъ оғоз ёфт.

Баъди анҷоми семинар иштирокдорон аз дастовардҳои донишкада дидан намуданд. Устодон бо фаъолияти беш аз 15 лабораторияҳои замонавии донишкада, аз ҷумла, маҷмааи озмоишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ, ки аз 9 озмоишгоҳ иборат аст, озмоишгоҳҳои факултетҳои муҳандисӣ – технологӣ, информатика ва энергетика, факултети сохтмон ва нақлиёт аз наздик шинос шуданд. Зимни шиносоӣ бо дастоварду ихтироот ва озмоишгоҳоо ба пояи моддиву техникии донишкада баҳои баланд доданд.