Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон  ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд вобаста ба пешгирии падидаҳои номатлуб, аз ҷумла коррупсия, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва тарғиби ахлоқу одоби ҳамида, ҷалби донишҷӯён ба омӯзиши фанҳои дақиқ, китобхонӣ ва баланд бардоштани эҳсоси худшиносию худогоҳӣ, ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ дар байни донишҷӯён бо иштироки Тӯйчизода Темур - мудири шуъбаи маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи Раиси вилоят, Мирзоғуфрон Ғафуров - сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси вилояти Суғд,  Турсунов Фаррух - устоди Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии судманд баргузор гардид.

Чорабиниро директори донишкада Дилафрӯз Саидӣ ҳусни ифтитоҳ намуда, зикр дошт, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба ҷавонон сол то сол зиёд гардида истодааст. Ҳадафи Роҳбари давлат ин пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳуввияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.

Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти донишкада ба тарбияи мутахассисони варзидаи дорои илму маърифати баланди фарҳангиву сиёсӣ нигаронида шудааст.  Раёсати донишкада сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллатро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, фаъолияти худро оид ба тайёр намудани мутахассисони ватанпарвар ва баландихтисоси дар бозори меҳнат рақобатпазир равона намуда аст.

Тӯйчизода Темур - мудири шуъбаи маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи раиси вилоят дар баромади худ қайд намуд, ки терроризм ва экстремизм яке аз проблемаҳои асосии ҷомеа ҷаҳонӣ буда, ифротгароён махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи диниву дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд. Яке аз омилҳои асосии гумроҳии ҷавонон ва пайваст шуданашон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ паст будани дониши сиёсӣ, бетарафии аҳли ҷомеа, огоҳ набудан аз шароити иқтисодиву ҳолати равонии ҷавонон мебошад. Аз ҷониби мавсуф барои  бедор намудани ҳушёрии сиёсӣ ва боз ҳам қавитар намудани дониши сиёсии донишҷӯён  даъват ба амал оварда шуд.

Дар баромади Мирзоғуфрон Ғафуров, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси вилояти Суғд зикр шуд, ки ҳар яки мо – сокинони кишвар новобаста аз синну сол, фарқияти ҷинсиву вазъи иҷтимоиро зарур аст, ки алайҳи терроризму экстремизм муборизаи ҳамҷоя барем. Нагузорем, ки ҷавонони мо ба гурӯҳу ҳаракатҳои гуногун шомил шаванд. Зеро ватани моро ба ҷуз худи мо каси дигар обод намекунад. Якпорчагии Тоҷикистони азиз, фазои осудаву ором ва рушди иқтисодиёташ боиси ҳаёти хурраму обод ва дастархони пурнозу неъмат мебошад. Номбурда аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд.

Турсунов Фаррух, устоди Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд оид ба баланд бардоштани руҳияи худшиносию худогоҳӣ, маърифати ҳуқуқӣ, ширкати фаъолона дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ, махсусан шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, эҳтироми арзишҳои миллӣ сухан намуд. Илова бар ин нисбати дастовардҳои ҷумҳурӣ дар замони соҳибистиқлолӣ сухан карда шуда, қайд гардид, ки ҳар як донишҷӯ бояд пеш аз ҳама тамоми кушишу ғайрати худро барои ободӣ ва пешрафти ватан равона намояд.

Дар хотимаи чорабинӣ директори донишкада иброз дошт, ки ҷомеаи меҳнатии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд минбаъд низ барои бедор намудани ҳушёрии сиёсӣ ва боз ҳам қавитар намудани дониши сиёсии донишҷӯён кӯшиш ба харҷ дода, дар ташвиқу тарғиби дастовардҳои даврони истиқлолият ва ҳадафҳои созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Мулоқоти мазкур аз ҷониби телевизиони вилоят сабт гардида, донишҷӯёни донишкада дар навбати худ фикру андешаҳои худро оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, аз даст надодани зиракии сиёсӣ иброз намуданд. Аз ҷониби онҳо қайд гардид, ки тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника, бунёдкорӣ ва созандагӣ равона намуда, барои шукуфоии кишвар, пойдории сулҳу субот ҳамвора кӯшиш хоҳанд кард.