Санаи 24 ноябр сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол Рӯзи Парчами давлатии кишварро таҷлил хоҳанд кард. Соли равон ин ҷашни умумимиллӣ шукӯҳу шаҳомати хоса дорад. Зеро ҳамагӣ чанд рӯз қабл, дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чархаи аввалини Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ба кор андохта шуд ва ин рӯйдоди муҳими таърихӣ  рӯҳияи идонаи аҳли ҷомеаро боз ҳам болотар бардошт.

 Бояд гуфт, ки дар радифи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлили Рӯзи Парчами давлатии мамлакат дар таърихи давлатдории навини миллати мо падидаи тоза мебошад ва барои гиромидошти арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ аҳамияти ҳаматарафа дорад.

 Ба қатори ҷашнвораҳои миллӣ ворид гардидани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати таърихӣ ва тақозои замони соҳибистиқлолӣ буда,на танҳо нишонаи эҳтиром ба яке аз муқаддасоти миллист, балки гувоҳи садоқат ба халқу Ватани худ, худогоҳию худшиносии аҳли ҷомеа аст, ки дирӯз, имрӯз ва фардои моро бо ҳам мепайвандад.

Чуноне маълум аст, Парчами давлатӣ имрӯз чун рамзи давлатдории миллати мо дар пештоқи тамоми идораҳои давлатию маъмурӣ, корхонаву муассиса, таълимгоҳу майдонҳои варзишӣ, утоқҳои корӣ ва ҳатто манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон мавҷуд мебошад. Муҳимтар аз ҳама дар саҳни бинои маъмурии Созмони Милали Муттаҳид бо парафшонии Худ Ватани моро чун давлати соҳибистиқлоли демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба ҷомеаи башарӣ муаррифӣ менамояд. Аз ин рӯ, ба ҷо овардани эҳтироми он қарзи шаҳрвандии ҳар кадом сокини Тоҷикистон, чих урду чи бузург мебошад.

 Парчамдории миллати куҳанбунёди мо таърихи тӯлонӣ дошта, аз замони пайдоиши қавмҳои ориёӣ ибтидо мегирад. Ба хонандаи тоҷик сифати дирафшҳои Рустаму Сиёвуш ва Коваи оҳангар аз рӯи «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ маълум аст, ки аҳли ҷомеаро ба адлу дод, ватанпарастию хештаншиносу, мардонагиву далерӣ раҳнамун месохтанд.

 Моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихиву тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он тақдири ояндаи миллат ва давлати соҳибистиқлоли мо тарҳрезӣ гардида, ба сӯи расидан ба ҳадафҳои умумимиллии сулҳу субот, ваҳдату якдилӣ гузошта шуданд, дар баробари андешидани чораҳои зарурӣ вобаста ба сарҷамъ сохтани мардум ва ҳифзи тамомияти арзии кишвар рамзҳои нахустини мамлакати озоду соҳибихтиёрамон, яъне Парчам ва андаке баъдтар Нишони давлатӣ қабул карда шуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат ба Парчами давлатиамон бо Фармони худ аз20 ноябри соли 2009 рӯзи 24 ноябрро Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намуданд. Ҳамин тавр Рӯзи Парчами давлатӣ ба рӯйхати ҷашнвораҳои миллии мо ворид гардид.

 Пешвои муаззами миллат баъдан ба хотири мақому манзалати Парчами давлатӣ дар рукни давлатдорӣ ғояи бунёди пояи баландтарини онро дар пойтахти Ватанамон пешниҳод карданд, ки аз ҷониби аҳли диёр ҷонибдории комил ёфт. Дар дуюмин солгарди Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди ин манорапоя оғоз ёфт ва дар давоми як сол ба итмом расид.

Санаи мубораки 30 августи соли 2011 дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ватанамон дар манораи 165-метра парафшон гардид, ки паҳнои он 60 метр ва бараш 30 метрро ташкил медиҳад. Ҷойи ифтихору сарфарозист, ки ин рӯйдоди муҳиму фараҳбахш ба Китоби рекордҳои Геннес ворид шуд.

Тибқи Низомнома Парчами давлатӣ бар фарози биноҳои қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Оливу Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо,намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат, гузаргоҳҳои марзиву гумрукӣ ва дигар ҷойҳо афрохта мешавад. Ҳангоми ғолибият ба даст овардани варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти минтақавию баӣналмилалӣ низ Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дода, Парчами давлатии Ватани азизамон парафшон мегардад.

Меҳру садоқат ба арзишҳо ва муқаддасоти миллиро дар дили шаҳрвандон бояд дар синни кӯдакиву наврасӣ бояд ҷойгир кард. Бо назардошти ин, мо омӯзгорон дар рафти машғулиятҳои амаливу назариявӣ ин нуктаи муҳимро ҳамеша ба инобат мегирем ва барои худшиносу худогоҳ, ватандӯсту ватанпараст ба камол расидани шогирдонамон чораҳои қатъӣ меандешем.

 Рӯзи Парчами давлатиро ба кулли ҷомеаи меҳнатии донишкада муборакбод гуфта, барояшон саодату сарбаландӣ таманно менамоям. Бигзор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то абад парафшон бошад ва моро ба сӯи қуллаҳои баланди рушду ободӣ роҳнамоӣ кунад!