Дар ҳошияи нақша- чорабинии МИҲД –и вилоят мулоқоти навбатии сарварони муассисаҳои олии вилоят бо хатмкунадагон идома дорад. Дирӯз дар қасри фарҳанги ноҳияи Деваштич бо иштироки беш аз 400 нафар хатмкунадагони ноҳия чунин вохӯрӣ доир гардид.

Чорабиниро муовини раиси ноҳия Ғиёсиддинзода Бунафша ҳусни ифтитоҳ бахшида, зикр дошт, ки дар соли таҳсили 2017 - 2018 аз теъдоди умумии хатмкунандагон, ки 2463 нафарро ташкил медоданд, ҳамагӣ тариқи Маркази миллии  тестӣ 1339 нафар хатмкунанда ҳуҷҷат супорида, аз онҳо 948 нафар дохил шуда, инчунин 21 нафар тариқи квотаи президентӣ ва 26 нафар ба макотиби олии хориҷи кишвар дохил шуданд, ки ин рақам дар умум 41 дарсади хатмкунанадагонро ташкил медиҳад. Ин рақам хушҳолкунанда нест, зеро маҳз сатҳи сифати таълиму тарбия, заҳмати устодон аз чигунагии сифати дохилшавӣ ба муассисаҳои олӣ вобастагии калон дорад. Бинобар ин имрӯз имконияти хубе барои донишҷӯёни оянда фароҳам омадааст, то ба саволҳои худ нисбати интихоби касби интихобкардаашон   посух гиранд.

Сипас, Шарифзода Муъмин, ректори ДДҲБСТ, Фозилзода Мухтор, ректори ДКМТ, Абдурауф Олимӣ, директори ДИС ДТТ, Азизов Абдуҳафиз, ноибректори ДДХ, Насим Тошхӯҷаев, мудири шуъбаи сифат ва банақшагирии стратегии ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд тариқи видеоролику слайдҳо муассисаи худро муаррифӣ намуданд.

Аз ҷумла, Насим Тошхӯҷаев зикр дошт, ки дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техники Тоҷикистон аз рӯи 21 ихтисос мутахассисон омода карда мешавад. Донишкада дар омодакунии меъмор ва сохтмончии муваффақ,  барномасоз ва энергетики хуб, моделеер, дизайнер, агротехнологи салоҳиятдор, муҳандиси пешрави соҳаҳои телекоммуникатсия, нақлиёт ва хӯрокворӣ, иқтисодчӣ ва молияшиноси беҳтарин саҳми босазо гузошта, роҳандозии чор ҳадафи стратегиро вазифаи муқаддаси худ мешуморад.  Ба донишҷӯён беҳтарин шароити таълимӣ дар зинаҳои  бакалавриат, магистратура ва PHD бо истифода аз компютеру проекторҳо, тахтаҳои электрониву интернети баландсуръат, китобхонаи замонавии рақамӣ, парки технологиву матбаа, ошхонаву хобгоҳи замонавӣ муҳайё аст.

Баъдан, хатмкунандагон оид ба шароиту имтиёзҳо дар муассисаҳои олии вилоят саволҳо доданд. Зимнан як хатмкунада аз Насим Тошхӯҷаев оиди дурнамои ихтисоси - Технологияи нигаҳдорӣ ва коркарди ашёи хоми ғизоӣ пурсон шуд. Маълум гардид, ки дар ноҳияи Деваштич ягон корхонаи коркарди маҳсулоти ширӣ ва гӯштӣ мавҷуд нест. Ва ин эродро Раиси вилоят низ зимни маҷлиси фаъолон иброз дошта буд. Насим Тошхӯҷаев қайд кард, ки хатмкунандагони ихтисоси мазкур метавонанд чун муҳандиси коргоҳи стандарти давлатӣ дар самти таъмини назорати сифат ашёҳои хом ва маҳсулотҳои тайёр,  идоракунии равандҳои технологии истеҳсоли маводҳои хӯрокаи аз ашёҳои растанигӣ, истеҳсоли хӯроки истеъмолии омма, маҳсулоти консервонида, равған, орд, нон ва ғайра шаванд. Ҳоло бештари  мутахассисон дар корхонаи пешрафтаи  «Фаровон», «Буона», корхонаи нонбарорӣ, «Оби Зулол», «Зода», «Ширкати 33», коргоҳҳои истеҳсоли равған ва ғайра кор карда истодаанд. 

Бо ҳамин чорабинӣ хотима пазируфт.