8 майи соли равон дар назди Муҷассамаи ёдбуди шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945, воқеъ дар маркази шаҳри Хуҷанд, ба ифтихори 74 – умин солгарди Рӯзи Ғалаба маросими тантанавии гулгузорӣ доир гардид, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ ширкат варзид.

Раиси вилоят пас аз гулгузорӣ дар пояи Муҷассамаи ёдбуди шаҳидон дар назди ҳозирин суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ воқеаи мудҳиштарини асри ХХ маҳсуб ёфта, дар ин ҷанг дар баробари дигар халқу миллатҳо ҳазорҳо ҷавонмарди тоҷик бар зидди истибдоди фашистӣ мубориза бурдаанд.

Таъкид карда шуд, ки шуҷоату диловарӣ ва истодагарии фарзандони ватандӯсту ватанхоҳи мо дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ намунаи олии муҳаббат ба Ватан ва дарси ибрати ҷавонмардӣ барои наслҳои имрӯзу фардои кишвар аст. Аз вилояти Суғд дар ин набардҳои хунин 76 ҳазор нафар иштирок кардаанд ва қаҳрамониву ҷоннисориҳои онҳо барои имрӯзиён ҳам дарси шуҷоату мардонагӣ аст.

Зикр гардид, ки имрӯзҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии иҷтимоии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, собиқадорони ҷангу меҳнат мунтазам ба ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд.

Сипас, ҷомеаҳои меҳнатии маркази вилоят, шумораи зиёди собиқадорони ҷангу меҳнат ва намояндагони аҳли зиё, омӯзгорону толибилмони макотиби оливу миёнаи касбӣ, мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, афсарону сарбозони гарнизони Суғд, намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва дигарон бар пояи Муҷассамаи ёдбуди шаҳидони ҷанг гулҳои тару тоза гузошта, хотири шаҳидону қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватаниро пос доштанд.

Аз ҷумла роҳбарияти Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон низ бо нишони қадршиносӣ ба музаффариятҳои бобоёни мо дар назди  Муҷассамаи ёдбуди шаҳидони ҷанг гулҳои тару тоза гузошта, хотираи онҳоро бо некӣ ёд намуданд.

Ёдовар бояд шуд, ки имрӯзҳо дар қаламрави вилояти Суғд 73 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ умр ба сар мебаранд. Дар арафаи таҷлили Рӯзи Ғалаба ба ҳар яке аз иштирокчиёни ҶБВ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маблағи 5000 сомонӣ ва аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба маблағи 2000 сомонӣ кӯмакпулиҳо расонида шуданд.