Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 22 декабр Рӯзи энергетика қайд карда мешавад. Ба муносибати Рӯзи энергетика ва Ифтитоҳи якумин агрегати НБО “Роғун” санаи 22 декабри соли 2018 дар ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ конференсияи дуюми илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Технологияҳои муосир дар электроэнергетика ва саноат” баргузор гардид.

Дар конференсияи устодони ДИСДТТ,  ДДХ ба номи Б.Ғафуров, ДКМТ дар ш.Бӯстон, ДМТ, мутахассисони соҳаи энергетика, ҷомеаи устодони донишкада, устодон ва донишҷӯёни кафедраи Таъминоти барқ ва автоматикаи ФИЭ ширкат варзиданд.

Дар толори донишкада намоиши макетҳо ва корҳои донишҷӯёни ДПДТТХ ва ДКМТ ташкил карда шуд, ки иштирокчиёни конференсияи аз онҳо дидан намуданд.

Муовини директор оид ба илм ва инноватсия Холматов Т.Ё. ба чорабинӣ  ҳусни ифтитоҳ бахшида, суханони табрикотии директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизодаро ба ҳозирин расонид. Баъдан оид ба соҳаи энергетика ва нақши он фикру ақидаи хешро баён намуд. Зимни баромади хеш қайд намуд, ки бо дастгирии Раёсати донишкада ва ҳамзамон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода 20 нафар донишҷӯёни кафедраи Таъминоти барқ ва автоматика бо роҳбарии устод Қаландаров Ҳ. ба НБО “Роғун” сафар намуда, аз корҳои сохтмонии ин иншооти бузург аз наздик шиносоӣ пайдо намуданд. Қайд карда шуд, ки хатмкардагони ихтисосҳои 43.01.03 – Таъмини барқ ва 53.01.05–Ҳаракатоварҳои автоматонидашудаи барқӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва шабакаҳои барқии қаламрави вилоят ва ҷумҳурӣ фаъолияти босамар доранд.

Масъули конференсияи мазкур, мудири кафедраи Таъминоти барқ ва автоматика Қаландаров Ҳ ҳозиринро бо кори конференсия ва меҳмонон шинос намуд.

Номзади илмҳои техникӣ, профессор Раҳимов О.С оид ба муаммоҳои баҳсталаби соҳаи энергетика маъруза намуданд. Зимни баромади хеш масъалаҳои асосӣ ва роҳи ҳалли онҳо дар ҷодаи электроэнергетика, тарзи сарфакорона истифода бурдани нерӯи энергетикаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Директори иҷроияи Ташкилоти экологии ҷавонон “YGPE”  Мамадов Икром оид ба ҳифзи муҳити зист суханронӣ намуд. Мавсуф дар баромади хеш қайд намуд, ки истифодаи қувваи барқ дар рӯзгор ва саноат ба ҳифзи захираи табиӣ таъсири мусбат мерасонад. Зеро ҳангоми истифодаи нерӯи барқ захираҳои табиӣ, аз ҷумла, ангишт, ва дарахтон боқӣ мемонанд.

Қобилов Р. намоянда аз ШСХК “Барқи тоҷик” низ суханронӣ намуд. Намоянда аз кафедраи ЮНЕСКО оид ба Идоракунии захираҳои обии интегронидашудаи назди Донишгоҳи Қазоқистону Олмон дар шаҳри Алмаато Тулиева Шоҳида баромад намуда, оид ба Донишгоҳи мазкур ва фаъолияти кафедра иттилоъ дод.

Бахши дуюми кори конференсия мастер-класси экспертон оид ба муаммоҳои соҳа мебошад. Дар бахши мазкур эксперти ДПДТТХ Раҳимов О.С. маърузаи худро бо забони русӣ пешниҳод намуданд.

Эксперт аз ДКМТ Сангинов О. низ баромад намуда, масъалаҳои дахлдори соҳаи энергетикаро таҳлил намуд. Ҳамчунин қайд намуд, ки дар намоиши корҳои амалии донишҷӯён корҳои беҳтарин оварда шудаанд, ки дар ҳақиқат метавонанд дар соҳаи саноат истифода бурда шаванд. Ба ду нафар лоиҳаҳои беҳтарини донишҷӯи курси 2.43.01.03тВ Ҳасализода Файзалӣ аз ДПДТТХ ва Худойназаров Худойбердӣ, донишҷӯи курси 5.43.01.03-и ДКМТ аз ҷониби Сангинов О ифтихорномаҳо супорида шуд.

Бахши сеюм коллоквиуми илмии донишҷӯёнро дар бар гирифт. Дар он донишҷӯён Холмуродов Шавкат аз ДПДТТХ дар мавзӯи “Энергосарфа дар манзилҳои истиқоматӣ”, Зокиров Фирдавс аз ДКМТ дар мавзӯи “Роғун-қадами пурра ба истиқлолияти энергетикӣ” баромад намуданд. Магистрантон ва докторантони донишгоҳҳо, аз ҷумла, Алиев Аминҷон ва Каримов Ибодқул маърузаи худро пешкаши ҳозирин намуданд.

Иштирокчии экспедитсияи илмӣ-тадқиқотии ҷавонон “Аз пиряхҳо то баҳри Арал” Қурбонов Номвар оид ба истифодаи самараноки сарчашмаҳои энергия дар шароити ҷуғрофии Тоҷикистон баромад намуд.

Дар ҳамаи баромади устодону донишҷӯён аҳамияти НБО "Роғун" дар рушду нумӯи кишвар ва ҷидду ҷаҳди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди ин нерӯгоҳ хоссатан зикр карда шуд. Баъди итмоми бахшҳо саволу ҷавоб оғоз ёфт. Ҳозирин ба суолҳои худ, ки ба соҳаи энергетика нигаронида шудааст, посухҳои мушаххас гирифтанд. Қаландаров Ҳ. кори конференсияи дуюми илмӣ-амалии ҷумҳуриявиро хулосабарорӣ намуда, фикру ақидаи хешро баён намуд. Донишҷӯёну устодони кафедраи Таъмини барқ ва автоматика дар конференсия бо шавқи зиёд иштирок намуда, дониши худро сайқал доданд.Бо ҳамин конференсия ҳусни анҷом ёфт.