Санаи 23 ноябри соли равон бахшида ба 24 - ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар толори ДПДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ конференсияи илмӣ - адабии фарҳангӣ бо иштироки устодон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Аз ҷониби донишҷӯён дар васфи Парчами Тоҷикистон шеърҳо ифоданок қироат карда шуд. Сипас маърӯзаи устоди кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ Норов И.С. оид ба таърихи парчам ва намуди парчамҳо то замони Истиқлолият шунида шуд.  Қайд карда шуд, ки куҳантарин намоди кишвардории тоҷикон парчаме бо номи "Дирафши Ковиёнӣ" будааст, ки онро "Ахтари Ковиёнӣ" низ хондаанд. Навори ҷолиб оид ба қабул гардидани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш дода шуд, ки аҳамияти таърихиву фарҳангӣ дорад. 

Темирхоҷаев А. низ маърӯзаи худро оид ба намуди парчамҳо баъди замони Истиқлолияти давлатӣ пешкаши ҳозирин намуданд. Аз ҷониби устод ҳар як ранги парчам шарҳ дода шуд. Рангҳои миллии тоҷикон  чун дигар мардуми ориёнажод ва эронитабор сурх, сафед ва сабз ҳастанд, ки  то замони мо омада  расидаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат , Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёми  худ ба муносибати Рӯзи парчам соли 2010-ум рангҳои парчами миллиро «ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» дониста, гуфта буданд: "Ранги сурх – рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад".

Ёдовар бояд шуд, ки дар донишкада озмуни "Иншои беҳтарин" дар мавзӯи "Пешвои мо - ҳомию раҳнамо" байни донишҷӯён эълон гардида буд. 

Дар ҷамъбасти конференсияи илмӣ-фарҳангӣ ба 3 нафар иштирокчиёни беҳтарини  озмуни "Иншои беҳтарин" ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Иштирокчиёни беҳтарини озмуни мазкур Солиева М., донишҷӯи курси 2.25.01.07тб, Мамадалиев Ф., донишҷӯи курси 1.70.02.01тг ва Турсунова Д., донишҷӯи курси 1.50.01.02тб муайян гардиданд. 

Дар ҷамъбаст суруди "Ватан" аз ҷониби донишҷӯи курси 1.70.02.01тг Зоҳиров М. бо маҳорати баланд сароида шуд.  Конференсияи мазкур руҳияи ҷомеаи устодон ва донишҷӯёнро дар самти ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва хештаншиносии миллӣ боз ҳам баландтару қавитар  гардонд.