Субҳи рӯзи гузашта бори нахуст дар таърихи давлатдории навини тоҷик  бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари мамлакат санҷиши омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ таҳти унвони «Марз-2021» баргузор гардидИн рӯйдоди муҳим бори дигар аз нерӯмандӣ, пурқувватӣ ва сарҷамъии миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ дарак медиҳад. Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, мардуми бонангу ори кишвар, хосса ҷавонон омодаанд, ки ҳар лаҳзаву соат, аз як гиребон сар бароварда, пайи  омодагии марзу буми ин миллати бузург ҳастанд. Бояд иқрор шуд, ки дар саргаҳи ин ҳама тифоқӣ ва тавоноии Артиши миллии кишвар Садри аввалмақоми кишвар, Президенти мамлакат, роҳнамову пешгоми миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Ҳамаи мо хуб медонем, ки Қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар кадом шароит ва дар кадом лаҳзаи сиёсӣ таъсис ёфт. Касе гумон намекард, ки Тоҷикистони аз собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҷузъ аз чанд танку тӯпи вайрона чизеро мерос нагирифта, имрӯз ба як ниҳоди хеле ҳам пурқудрат табдил ёфтааст. Чанд рӯзи охир бо ширкати бевоситаи Сарвари давлат баргузор шудани машқҳои низоми дар сарҳади кишвар, омодагии ҷангии афсарону сарбозон,  намоиши нерӯву асбобҳои ҷангӣ бори дигар халқи моро ба он ҳушдор дод, ки давлат ва Ҳукумат ягон лаҳза намегузорад, ки душманони ғаддор вориди марзи мо шуда, оромиву осудагии мардумро халалдор намояд. Ба ҳифзи марзу бум мо қудрат дорем ва аҳлию тифоқии сокинон моро дар ин ҷода роҳнамову пуштибон аст. Гуфтанием, ки Миллати тоҷик аз гузаштаҳои худ дарси ибрат гирифтаву як қавму миллат будани хешро амиқ дарк кардааст. Зеро ҳар қавму миллате агар сарҷамъу якдилу якзабон бошад, пас беватану бехона нахоҳад монд. Таърихи ҳастии тоҷикон, ки асрҳои зиёдеро дарбар мегирад бо ваҳдату якдилӣ, зиндагӣ карда, миллати тоҷикро номдору шӯҳратдор ва кишвари мутамаддину устувор ба мо мерос додаанд.

Мо, сокинони саодатманди диёр, дар рӯҳияи баланди хештаншиносӣ изҳор менамоем, ки дар ин марҳилаи созандагию бунёдкории Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун як узви фаъоли ҷомеаи муосир бо ҳисси ифтихори миллӣ худро масъул ва вазифадор медонем, ки баҳри истиқлолияти комили мамлакат, рушду тараққиёти кишвар ва ниҳоят амнитяту осоиши он  дар радифи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳм гузорем.

Мо шукри он дорем, ки чунин Пешвои муаззаму қавиирода ва саховатманд дорем. Якдилонаю якзабона ба душманони миллат гуфтанием, ки мо миллати воҳидем ва Ватандориро як гӯшаи имони худ медонем.

Абдусабур Абдуваҳҳобов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд