Санаи 28.10.2019 дар донишкада тибқи нақшаи дуҷониба тасдиқнамудаи МИҲД-и в.Суғд ва  Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд аз санаи 20.09.2019 баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзӯи “Пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ” вохӯрӣ доир гардид.

Дар  вохӯрӣ муовини сардори шуъбаи БДА раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, подполковники милитсия Ҷамолиён Муродҷон ва сардори шуъбаи тарғибот ва ташвиқоти шуъбаи БДА Раёсати ВКД ҶТ дар в.Суғд, подполковники милитсия Раҳимзода Карим ширкат варзида, оид ба вазъи садаманокӣ дар роҳҳои автомобилгарди вилоят, тағиру иловаҳои воридгардида ба дар як қатор қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав бо омӯзгорону донишҷӯёни факултети муҳандисӣ-иқтисодӣ, информатика ва энергетика суханронӣ намуданд.

Донишҷӯён дар чорабинии мазкур фаъолона иштирок намуда, ба саволҳои худ, посухҳои мушаххас гирифтанд.