Мувофиқи фармони Раиси вилоят ҳамасола дар арафаи соли нави мелодӣ вохӯрии раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо донишҷӯёни дар маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд таҳсилкунанда баргузор мегардад. Имсол низ чун анъана бахшида ба Соли нави мелодӣ вохӯрии донишҷӯёни муассисаҳои олӣ ва касбии миёнаи шаҳри Хуҷанд бо раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд барпо гардида истодааст. Мақсад аз ин вохӯриҳо шиносоӣ аз раванди таҳсили донишҷӯён, таълиму тарбия ва шарту шароити зисти донишҷӯёни  вилоят  дар шаҳри Хуҷанд арзёбӣ гардидааст. Аз санаи 5 декабри соли равон  то имрӯз вохӯрии раисони шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Панҷакент, Шаҳристон, Бӯстон, Истиқлол, Исфара, Конибодом доир гардид.  Аз ҷумла, донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ низ дар ин вохӯриҳо ширкат варзиданд. Зимни вохӯрӣ бо раисони шаҳру ноҳияҳо суҳбати озоду самимӣ ба миён омада, донишҷӯён аз рафти дарсазхудкунӣ, шароити хобгоҳ ва тарзи гузаронидани вақтҳои холигии худ маълумот доданд. Инчунин, миннатдории самимии хешро барои чунин шароити фароҳам ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, раисони шаҳру ноҳияҳо ва директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз баён намуданд.

Силсилаи вохӯриҳо дар бинои “Кохи фарҳанги ба номи А.Рӯдакӣ” ва Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ баргузор гашта истодааст. Ёдовар бояд шуд, ки вохӯрии раисони шаҳру ноҳияҳои Деваштич, Гулистон, Мастчоҳ, Ҷ.Расулов, Спитамен, Истаравшан, Б.Ғафуров ва Хуҷанд рӯзҳои наздик баргузор мегардад.