Дар идомаи  вохӯриҳои роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар “Қасри фарҳанг”- и ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва шаҳри Панҷакент низ мулоқотҳо баргузор гардид. Намояндагони  ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ, мудири кафедраи “Автомобил ва идоракунии нақлиёт” Алиев Шамшод, мудири кафедраи “Барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ” Худойбердиев Х.А. ширкат варзида, оид ба донишкада ва ихтисосҳо маълумоти муфассал доданд. Ҳангоми суханронии худ иброз намуданд, ки мутахассисони омоданамудаи донишкада дорои донишҳои муосири техникӣ буда, пурра бо ҷойи кор таъмин мебошанд. Хатмкардагони донишкада кадрҳои баландихтисоси соҳаҳои мухталифи кишвар буда, саҳми арзандаи хешро дар пешравии мамлакат гузошта истодаанд.

Устодон аз шарту шароити таълиму тарбия дар донишкада, пояи моддиву техникии донишкада, дастовардҳо, чорабниҳои донишкадавӣ ба хатмкунандагон маълумот доданд.

Роҳбарон ва намояндагони донишгоҳу донишкадаҳои вилоят ба саволҳои хатмкунандагон посухҳои мушаххас гардонда, суҳбати озод доир намуданд.

Нашрияи махсуси донишкадавии “Меҳвари дониш” бо маълумоти муфассал оид ба факултетҳо, ихтисосҳо ва дастовардҳои донишкада  ба хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Панҷакент дастрас карда шуд.

Вохӯриҳои роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ идома дорад.